Октябр 10, 2022 19:17 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои низомии ҷадиди Русия дар Украина

Вазорати дифои Русия аз дастовардҳои низомии ҷадиди ин кишвар дар Украина тайи амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина хабар дод.

Бо гузашти беш аз ҳафт моҳ аз оғози амалиёти низомии Русия дар минтақаи Донбасс шурӯи ҷанг бо Украина, Маскав омори ҷадиде аз хисороту талафоти артиши Киев мунташир кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазорати дифои Русия имрӯз (душанбе) дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои рус тайи амалиёти низомии вижа дар Украина, сомонаҳои кантроли низомӣ ва таъсисоти иртиботот ва энержии ин кишварро ҳадаф қарор доданд ва монеъ аз ҳамлаи нерӯҳои украинӣ ба шаҳрҳои Копянск ва Николаев шуданд.

Вазорати дифои Русия дар ин баёния тасреҳ кард, нерӯҳои рус тайи амалиёти низомии вижа дар Украина, чаҳор анбори муҳимот ва таслеҳоти нерӯҳои украинӣ дар Донетск, Николаев ва Запорожеро мунҳадим карданд ва дастиками чиҳил низомии украинӣ низ кушта шуданд.

Дар ин баёния омадааст, як ҷангандаи русӣ низ, ҷангандаи Миг - 29 нерӯҳои украиниро дар Херсон сарнагун кард.

 

Барчасп