Ҳушдори Медведев дар бораи паёмадҳои тадовуми ирсоли таслеҳот ба Украина
(last modified Wed, 12 Oct 2022 06:19:03 GMT )
Октябр 12, 2022 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Медведев дар бораи паёмадҳои тадовуми ирсоли таслеҳот ба Украина

Муовини Шӯрои амнияти миллии Русия ҳушдор дод, сареътарин роҳи ташдиди авзоъ дар Украина ин буда, ки ба ин кишвар сомонаҳои мушакии дурбурд дода шавад.

Дмитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти миллии Русия аз тадовуми ирсоли таслеҳот ба Украина ҳамчунин мавзеъгириҳои ахири Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО интиқод кард.

Бино бар изҳороти Медведев, суханони ахири дабири кулли НАТО дар ин бора, ки пирӯзии Русия, яъне шикасти НАТО, таъкиди мустақим бар мушорикати НАТО дар ҷанг алайҳи мо дорад.

Вай тасрҳ кард, сареътарин роҳи ташдиди авзоъ дар Украина ин аст, ки ба ин кишвар сомонаҳои мушакии дурбурд дода шавад.

Алексей Резников, вазири дифои Украина гуфт, 4 воҳиди дигар аз сомонаи мушакии HIMARS аз Амрико вориди Украина шуд.

Сомонаи мушакии амрикоии « HIMARS», як ракетандози сабук аст, ки метавонад ҳамзамон 6 мушаки ҳидоятшавандаи 227 милиметриро партоб кунад.

 

Барчасп