Тақвияти равобити тиҷорӣ ва порлумонӣ дар дастури кори Туркманистону Тотористон
(last modified Thu, 13 Oct 2022 06:29:04 GMT )
Октябр 13, 2022 11:29 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити тиҷорӣ ва порлумонӣ дар дастури кори Туркманистону Тотористон

Сарконсули Туркманистон дар Қазон бо раиси Шӯрои давлатии Тотористон дар мавриди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, порлумонӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ,Гуйчи Қароев-сарконсули Туркманистон дар Қазон бо Фарид Муҳаммадшин-раиси Шӯрои давлатии Тотористон дар мавриди мавзӯъоти муҳими ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона гуфтугӯ кард .
Раиси порлумони Тотористон бо ишора ба инки Туркманистон яке аз шуракои калидии ин ҷумҳурӣ аст ,бар фаъолияти болои Анҷумани миллӣ - фарҳангии Туркманистону Тотористон таъкид кард .
Дар ин дидор тарафайн алоқаи мутақобилро барои густариши равобити байнипорлумонӣ дар чорчӯби гуфтугӯҳои Русияву Туркманистон иброз карданд . Пешниҳоде, ки дар ҷараёни сафари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раиси Маҷлиси халқ маслиҳатии Туркманистон ба Қазон ироа шуд .