Тақвияти равобити тиҷорӣ ва порлумонӣ дар дастури кори Туркманистону Тотористон
Сарконсули Туркманистон дар Қазон бо раиси Шӯрои давлатии Тотористон дар мавриди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, порлумонӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ,Гуйчи Қароев-сарконсули Туркманистон дар Қазон бо Фарид Муҳаммадшин-раиси Шӯрои давлатии Тотористон дар мавриди мавзӯъоти муҳими ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона гуфтугӯ кард .
Раиси порлумони Тотористон бо ишора ба инки Туркманистон яке аз шуракои калидии ин ҷумҳурӣ аст ,бар фаъолияти болои Анҷумани миллӣ - фарҳангии Туркманистону Тотористон таъкид кард .
Дар ин дидор тарафайн алоқаи мутақобилро барои густариши равобити байнипорлумонӣ дар чорчӯби гуфтугӯҳои Русияву Туркманистон иброз карданд . Пешниҳоде, ки дар ҷараёни сафари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раиси Маҷлиси халқ маслиҳатии Туркманистон ба Қазон ироа шуд .