Маҳкумияти муҷрии маъруфи амрикоӣ
Муҷри(рови)и маъруфи амрикоӣ ба хотири изҳори назар зидди давлати ин кишвар дар додгоҳ маҳкум шуд.
Таблиғоти зиёде дар Амрико дар бораи қонуни дастрасии озод ба иттилооту озодии баён сурат мегирад.Ин кишвар худро пешрави озодии баён дар ҷаҳон медонад, аммо ҳамвора ҳақиқатгӯӣ роҷеъ ба ҷиноёти давлати Вашингтон дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ амри хилофи амнияти миллӣ талаққӣ шуда ва омилони он муҷозотҳои сангинеро мутаҳаммил мешаванд ; ба шакле, ки ин афрод бархилофи иддаои озодии баён ҳатто озодиҳои фардии худро низ аз даст медиҳанд .
Пештар Вазорати додгустарии Амрико эълом карда буд, ки ба иҷбори рӯзноманигорон барои таслими навиштаҳову ёддоштҳояшон поён медиҳад .
Ба гузориши рӯзи шанбеи радиои тоҷикии Садои Хуросон, як муҷрии маърӯфи радио дар Амрико ба хотири изҳори назари зидди давлати Амрико дар додгоҳ ба пардохти 965 миллион доллар ҷаримаи нақдӣ маҳкум шуд ! !
Ҷонс Алекс 10 сол пеш гуфта буд, ки ҳодисаи тирандозӣ дар мадрасаи ибтидоии Сэнди Ҳок кори давлати Амрико ва аз пеш тарроҳӣ шуда буд .
Вакили ин муҷрии амрикоӣ мегуяд то кунӯн ҳаргиз чунин додгоҳу ҳукмеро надида буда ва умедвор аст, ки додгоҳи таҷдиди назар таври дигаре ҳукм диҳад .
Чаҳордаҳуми декабри 2012 ба дунболи тирандозӣ тавассути як ҷавони мусаллаҳ дар дабистони Сэнди Ҳок воқеъ дар иёлати Коннектикут 26 нафар шомили 20 донишомӯз ва 6 нафар аз коркунони ин дабистон кушта шуданд.