Декабр 07, 2016 18:33 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани мушовири низомии Русия дар Сурия

Вазорати дифои Русия аз кушта шудани як низомии ин кишвар дар Ҳалаби Сурия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, Руслан Галитский - мушовири низомии Русия, ки чанде пеш дар ҳамлаи террористҳо дар шаҳри Ҳалаб захмӣ шуда буд, бар асари шиддати ҷароҳатҳо ҷон бохт.

Вазорати дифои Русия рӯзи душанбе низ аз кушта шудани ду имдодрсони ин кишвар дар ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ба як бемористони саҳроӣ дар шаҳри Ҳалаб хабар дода буд.

Русия аз 30 сентябри 2015, пас аз дархости расмии давлати Сурия ва гирифтани муҷаввизи парлумонӣ, мавозеи террористҳоро дар ин кишвар ҳадаф қарор медиҳад.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон бо ҳадафи сарнагун кардани давлати Башшор Асад оғоз шудааст.

 

Барчасп