Октябр 18, 2022 20:34 Asia/Dushanbe
  • Ситораи Партугалия Ҷоми Ҷаҳониро аз даст дод
    Ситораи Партугалия Ҷоми Ҷаҳониро аз даст дод

Дар як моҳ монда ба оғози Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар тими миллии Партугалия яке аз муҳимтарин бозикунони худро аз даст дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар чорчуби дидори ҳасоси Ливерпул ва Манчестрсити Диого Ҷота дар лаҳзаҳои поёнии мусобиқа аз ноҳияи рон масдум шуд ва ба берун рафт.

Имруз пас аз муъоинаи пизишки бошгоҳи Ливерпул аз шиддати масдумияти ин ситораи партугалӣ парда бардошт ва мушахас шуд, ки ин ситораи бузург Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатарро ба таври ҳатми аз даст хоҳад дод.

Юрген Клоп низ ин хабарро тайид карду гуфт: Ин бисёр хабари талхи барои Ҷота аст у Ҷоми Ҷаҳониро аз даст дод масдумияти у ҷидди аст, ки хабари бад барои мо ва Партугалия хоҳад буд.

Ҷота яке аз муҳимтарин бозикунони тими миллии Партугалия дар хати ҳуҷуми буд ин тим дар гуруҳи "Н" мусобиқот бо тимҳои Гана,Уругвай ва Кореяи ҷанубӣ ҳамгуруҳ аст.

 

Барчасп