Октябр 22, 2022 10:59 Asia/Dushanbe
  • Талафоти сангини артиши Русия ба низомиёни Украина

Сухангӯи Вазорати дифои Русия аз ворид омадани хисороту талафоти сангин ба неруҳои украинӣ ва мавозиъу таҷҳизоти низомишон дар амалиёти вижаи неруҳои рус дар Украина таи шабонарӯзи гузашта хабар дод .

Бо гузашти беш аз ҳашт моҳ аз оғози амалиёти низомии Русия дар минтақаи Донбас ва шурӯи ҷанг бо Украина, Маскав омори тозае аз хисороту талафоти артиши  Киев мунташир кард .
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Русия алявм,Игор Коношинкав,сухангӯи Вазорати дифои Русия эълом кард, ки беш аз 240 низомии Украина таи амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина дар 24 соъати гузашта кушта шуданд.
Игор Коношинкав бо баёни инки амалиёти низомии вижаи Русия алайҳи марокизи фармондеҳӣ ва зерсохтҳои энержӣ дар Украина идома дорад, афзуд:Неруҳои Русия таи ин амалиёт ҳамаи аҳдофи мушаххасшударо нобуд карданд ва монеъ аз нуфӯзи неруҳои украинӣ ба мавозиъи дифоии неруҳои Русия шуданд.
Сухангӯи Вазорати дифои Русия ҳамчунин гуфт: Неруҳои рус таи амалиёти низомии вижа дар Украина беш аз 14 танк ва 16 зиреҳпӯш, як чархболи низомии украинӣ, се мӯшаки Улха,18 паҳпод, як пойгоҳи радарии Амрико, як пойгоҳи вижаи раҳгирӣ ва шиносоии аҳдоф дар иртифоъи поин, се маркази фармондеҳӣ, чаҳор анбори сӯхт ва беш аз 180 мавзеи истиқрори неруҳои украиниро аз байн бурданд ва 18 низомии Украина ҳам худро таслими неруҳои Русия карданд .
Артиши Русия дар посух ба ҳамлаи ахири Украина ба пули Қирим ва соири иқдомоти низомии Киев дар гузашта, ҳамалоти мушакиро ба зерсохтҳо, иртибототи низомӣ ва қароргоҳҳои фармондеҳии ин кишвар оғоз кардааст .
Ҷанги Украин бо ҳамаи паёмадҳои густардаи сиёсӣ,низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангиаш ҳаштумин моҳи худро мегузаронад ва ирсоли силоҳҳои кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад .
Русия эълом кардааст ки бо музокира бо Украина мухолифате надорад, аммо таъхир дар ин амр тавассути Киев, раванди дастёбӣ ба тавофуқро печида ва душвар хоҳад кард .
Артиши Русия бо ҳадафи кумак ба дархости мақомоти манотиқи Луганск ва Донетск дар муқобили ҳамалоти Украина 24 феврал ба ин кишвар ҳамла кард.

Бештар бихонед :

 

Барчасп