Тиҷорати 17 миллиарддолларии Қазоқистон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
https://parstoday.ir/tg/news/world-i92998-Тиҷорати_17_миллиарддолларии_Қазоқистон_ва_Иттиҳоди_иқтисодии_Авруосиё
Тиҷорати мутақобили Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо рушди 5 дарсадӣ дар 8 моҳаи соли ҷории милодӣ болиғ бар 17 миллиард доллар будааст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 22, 2022 19:31 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати 17 миллиарддолларии Қазоқистон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Тиҷорати мутақобили Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо рушди 5 дарсадӣ дар 8 моҳаи соли ҷории милодӣ болиғ бар 17 миллиард доллар будааст.

Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон дар нишасти Шӯрои байни давлатии Авруосиё гуфт, иқдомоти фаъоле, ки дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сӯрат мегирад, имкони ҳалли мудовим ва системативии вазоифи марбут ба густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва саноатии мутақобил, тавсеаи луҷистикии ҳамлу нақл ва соири масоили мубрами мардум ва тиҷоратро фароҳам мекунанд.

Бинобар суханони Исмоилов, ба таври куллӣ, аз замони таъсиси ин иттиҳодия, Қазоқистон содироти маҳсӯлоти фароварӣ шуда ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро 64 дарсад афзоиш додааст. Ин амр дар ҳоле аст, ки ба мурӯри замон доманаи маҳсӯлот ба нафъи колоҳои ниҳоӣ густариш меёбад.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.