Узви Маҷлиси намояндагон: Бо фазои фашистӣ дар Амрико рӯбарӯ ҳастем
Узви Маҷлиси намояндагони Амрико бо ишора ба масъалаи даҳшати раъйдиҳандагон дар остонаи интихоботи миёндавраӣ гуфт, Иёлоти муттаҳида бо муҳите аз фашизм рӯбарӯ аст.
Александрия Окасио-Кортес, намояндаи Ню-Йорки узви Маҷлиси Намояндагони Амрико ва Ҷими Раскин, намояндаи демократи иёлати Мэриленд дар барномаи телевизиюнӣ перомуни масоиле ҳамчун интихоботи минёндавраии ин кишвар, мушкилоти иқтисодии ахир ва зерсохтҳо гуфгугӯ карданд.
Окасио-Кортес гумоназаниҳои ахир дар бораи ҷилавгирӣ ва таваққуфи раъйдиҳандагон дар Аризонаро ба мисолҳое аз нажодпарастӣ дар таърихи Иёлоти муттаҳида ташбеҳ кард ва изъон дошт, бо муҳите аз фашизм дар Амрико рӯбарӯ ҳастем.
Ҳафтаи гузашта, мақомҳои Аризона аз иёлатҳои аслии рақобат миёни 2 ҳизби аслии Амрико, пас аз интишори тасовире аз раъйдиҳангдагон ва таъқиби онон, аз давлати федерол хостори таҳқиқ дар бора як парвандаи иръоби эҳтимолии раъйдиҳандагон шуда буданд.
Намояндаи Ню-Йорк дар Маҷлиси намояндагони Амрико хотирнишон кард, ин гӯна иръоби раъйдиҳандагон дар пои сандӯқҳои раъй моро ба ёди қавонини замони «Ҷим Кроу» меандозад.
Қавонини Ҷим Кроу, ки байни 1876 ва 1965 дар Амрико ба тасвиб расиданд, ҷудосозӣ ва табъизро ба сӯрати як воқеияти рӯзмарра барои сиёҳони Амрико дар ҷануб дар оварда буд.
Окасио-Кортес дар идома афзуд, ин рафторҳо, моро ба апартеиди амрикоӣ, ки муддати зиёде ҳам аз он нагузашта, бозмегарданд.