Октябр 31, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Русия : Украина музокира намекунад

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ дар Женева эълом кард пешниҳоди фаъолӣ аз сӯйи Киев барои ҳалли сиёсии буҳрони ин кишвар вуҷуд надорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Геннадий Гатилов-намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ дар Женева дар ин бора гуфт: Мутаъасифона бояд иқрор кунем, ки дар вақти кунунӣ низ ҳеҷ гуна шароите барои музокироти дипломатӣ барои ҳалли ин буҳрон вуҷуд надорад .
Гатилов дар хусӯси пешшарти Киев барои оғози гуфтугу, ки гуфта бояд Русия неруҳои худро аз Украина хориҷ кунад низ гуфт ин масаъла наметавонад нуқтаи оғози музокирот бо Киев бошад .
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Димитрий Псков-сухангӯи матбӯотии раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи якшанбе дар суханоне гуфт, ки наметавонем бо Зеленский музокира кунем чун ӯ дақиқан дастӯроти дикташудаи Вашингтонро иҷро мекунад .
Псков афзуд : Украина дорои як раиси ҷумҳурии қонунӣ ба номи Владимир Зеленский аст, ки рӯйи коғаз ҳамаи тасмимотро бояд ӯ бигирад, вале таҷриба нишон додааст ки ӯ наметавонад дастуроти дикташуда аз хориҷро нодида бигирад; пас бояд дар мавриди сулҳ бо фарди дигаре музокира кард .
 

 

Барчасп