Ноябр 06, 2022 17:07 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Тардид дар идомаи кумаки Амрико ба Украина

Бо идомаи ҷанги Русия ва Украина ва эҳдои кумакҳои миллиардҳо долларии Амрико ба Украина тайи моҳҳои гузашта барои муқобила бо Русия, идомаи ин кумакҳо бо тардид мувоҷеҳ шудааст.

Бо наздик шудан ба замони интихоботи миёндавраии Амрико, Ҷумҳурихоҳони аршад дар Амрико ҳушдор доданд дар сӯрат дар ихтиёр гирифтани Конгресс, кумак ба Украинаро коҳиш медиҳанд.

Мардҷори Тейлор Грин, узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагон дар ин замина таъкид кард: Даврони ҳокимияти ҷумҳурихоҳон кумак ба Украина анҷом нахоҳад шуд.

Интихоботи миёндавраӣ дар Амрико қарор аст, рӯзи 8 ноябр баргузор шавад. Интихоботе, ки сарнавишти ду соли поёнии давраи раёсатҷумҳурии Ҷо Байденро рақам хоҳад зад. Дар ин интихобот раъйдиҳандагони амрикоӣ кулли аъзои Маҷлиси намояндагон ва як сеюм аз аъзои маҷлиси Сенаро интихоб хоҳанд кард, мавзӯе, ки метавонад мувозинаи қуво дар Конгресси Амрикоро ба нафъи Ҷумҳурихоҳон тағйир диҳад.

Демократҳо ҳамакнӯн дар ҳар ду маҷлиси намояндагону Сенат аксарияти шиканандае доранду таҷрибаи интихоботи пешин нишон медиҳад, ҳизби раисиҷумҳури Амрико ба таври суннатӣ дар интихоботи миёндавраӣ бахти зиёде барои пирӯзӣ надорад, чаро ки раъйдиҳандагон ағлаб ба ҳизби рақиби он раъй медиҳанд.

Ин интихобот, интихоботе муҳим бавижа дар ростои сиёсати хориҷии Амрико дар қиболи ҷанги Русия ва Украина маҳсӯб мешавад. Ин кишвар тайи 9 моҳи гузашта миллиардҳо доллар барои кумак ба Украина ихтисос додааст. Дар ин росто дар тозатарин иқдом, вазорати дифои Амрико, бастаи низомии ҷадид шомили 45 танк, 250 нафарбари зиреҳӣ ва як ҳазор ва 100 паҳподи Phoenix Ghost-ро ба баҳонаи ҷанг дар Украина ба ин кишвар ирсол кардааст.

Вашингтон ба Украина ба масобеҳи кишваре менигарад, ки аз тариқи он метавонад ба аҳдофи дерпои худ алайҳи Русия ва ба вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар, ки аз мухолифони сарсахти аҳдофи тавсеаталабонаи Иёлоти муттаҳида шумурда мешавад даст ёбад.

Акнун дар Аврупо низ нигарониҳо бар сари идомаи кумакҳои Амрико афзоиш ёфтааст. Тобиас Элвуд аз намояндагони аршади порлумони Британия, ки раиси Кумитаи мунтахаби дифоӣ дар порлумон дар ин замина гуфт, агар Амрико ақиб бикашад, Путин метавонад аз миёни оворҳои шикаст, пирӯзиро берун бикашад.