Илон Маск бахши дигаре аз саҳҳоми “Тесла” - ро вогузор кард
(last modified Wed, 09 Nov 2022 16:22:52 GMT )
Ноябр 09, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Илон Маск бахши дигаре аз саҳҳоми “Тесла” - ро вогузор кард

Илон Маск ҳудуди чаҳор миллиард доллар аз саҳҳоми ширкати мошинсозии “Тесла” –ро вогузор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, дар ҳоле ки қарор аст Илон Маск, миллиардери амрикоӣ барои хариди Твиттер 44 миллиард доллар пул бипардозад, байни рӯзҳои ҷумъа то дирӯз, сешанбе ҳудуди чаҳор миллиард доллар аз саҳҳоми ширкати мошинсозиаш, яъне “Тесла” –ро вогузор кардааст.

Ба гуфтаи Комиссияи бурсу авроқи баҳодори Амрико, ин чаҳор миллиард доллар саҳҳоми “Тесла” тайи се муомила, шомил беш аз 19 миллион саҳм, яъне андаке бештар аз чаҳор дарсади кулли саҳҳоме, ки дар ихтиёри Маск аст ва шаш даҳуми дарсад аз маҷмӯи кулли саҳҳоми ин ширкат вогузор шудааст.

Ин аввалин бор нест, ки Маск барои хариди Твиттер саҳҳоми “Тесла” –ро вогузор мекунад.

Пеш аз ин низ Маск понздаҳуним миллиард доллар аз саҳҳоми ин ширкатро вогузор карда буд.

Фурӯши ин мизон аз саҳҳом ин имконро барои Маск фароҳам меоварад то бахше аз фароянди хариди Твиттерро, ки то 27 миллиард доллар ба сурати нақдӣ анҷом мешавад, таъмини молӣ кунад ва ин дар ҳолест, ки бахши муҳиме аз мавҷудӣ бо вомҳое дар ҳимоят аз Твиттер таъмин мешавад, ки бори моливу бозпардохтро таъмин мекунад.