Декабр 09, 2016 19:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Путин дар бораи мудохилаи хориҷӣ дар умури дохилии Русия

Раиси ҷумҳурии Русия дар бораи ҳар гуна дахолати хориҷӣ дар умури дохилии кишвараш ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар нишасти аъзои Шӯрои тавсеаи ҷомеаи мадании ин кишвар гуфт, созмонҳои иҷтимоӣ абзори фишори хориҷӣ бар Русия ҳастанд.

Вай афзуд, ин созмонҳо бо аҳдофи гуногун қасд доранд дар умури дохилии Русия мудохила кунанд.

Садҳо созмони ғайридавлатии амрикоӣ бо пӯшиши иҷтимоӣ, расонаӣ ва инсондӯстона дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия фаъолият мекунанд, ки маъмулан аҳдофи сиёсӣ доранд.

 

Барчасп