Ноябр 11, 2022 18:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муҷаддади Амрико бар ҳимоят аз иғтишошгарон дар Эрон

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико бори дигар бар ҳимоят аз иғтишошгарон дар Эрон таъкид кард.

Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар нишасте рӯзи панҷшанбе эълом кард, ҳар коре аз дастамон бар меояд барои ҳимоят аз иғтишошгарон дар Эрон анҷом медиҳем.

Прайс дар идома аз ироаи кумакҳои фанноварӣ ба иғтишошгарон барои барқарории иртибот бо якдигар дар дохили Эрон ва дар ниҳояти иртибот бо соири нуқоти ҷаҳон хабар дод.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико ахиран низ дар гирдиҳамои таблиғотӣ барои Майк Левин, намояндаи демократ дар шаҳри Оушенсайд дар иёлати Калифорния ба ҳаводорони худ гуфт: «Мо Эронро озод мекунем».

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии давлати Трамп, ки ҳамвора рӯйкарде хасмона ва ҷангталабона дар Эрон доштааст, зимни ибрози умедворӣ барои тағйири низом дар Эрон гуфтааст, ки оппозисюни Эрон дар ҳоли мусаллаҳ шудан аст.