Паёмади натиҷаи интихоботи миёндавраии Конгресс бар сиёсатҳои муҳоҷиратии давлати Байден
(last modified Sat, 12 Nov 2022 14:54:20 GMT )
Ноябр 12, 2022 19:54 Asia/Dushanbe
  • Паёмади натиҷаи интихоботи миёндавраии Конгресс бар сиёсатҳои муҳоҷиратии давлати Байден

Ҳамзамон бо эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико ва бартарии нисбии ҷумҳурихоҳон, як мақоми аршади марзии Амрико эълом кард, аз ӯ хоста шудааст, ки аз мақоми худ истеъфо кунад ва ё мунтазири ихроҷ бошад.

Крис Магнус, комиссари идораи гумрук ва ҳифозат аз марзҳои Амрико (CBP) эълом кард, ки ба дунболи афзоиши қобили таваҷҷуҳи муҳоҷирон аз марзи Мексика Алехандро Майоркас, вазири амнияти дохилии ин кишвар ба ӯ гуфтааст аз симати худ истеъфо кунад ва дар ғайри ин сӯрат ихроҷ хоҳад шуд.

Ин мақоми аршади идораи гумруки Амрико хотирнишон кардааст, ки аз симати худ канорагирӣ нахоҳад кард.

Теъдоди муҳоҷирони дастгир шуда дар марзи Амрико ва Мексика дар давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури феълии Амрико ба болотарин ҳадди худ расида ва ин мавзӯ ба интиқодҳои он даста аз ҷумҳурихоҳон, ки мегӯянд, сиёсатҳои Байден беш аз андоза мулоим аст доман мезанад.