Ривояти "Экономист" аз ақибнишинии Арабистон дар баробари Эрон
Маҷаллаи англисии “Экономист” навиштааст, Эрон дар як соли ахир Арабистони Саудиро ба шикасти сахте рӯ ба рӯ кардааст.
«Экономист» дар ёддоште навиштааст, нақшаҳои Арабистон баъд аз гузашти як сол аз «сиёсати ҷасурона» дар минтақа аз Сурия ва Ироқ гирифта, то Яману Лубнон яке пас аз дигаре ба шикаст ба итмом расидааст ва дар мавзӯи нафт Эрон онро дучори шикасте сахте кардаст. “Экономист” бо ишора ба сиёсати Муҳаммад ибни Салмон, ҷонишини валиаҳди Арабистон дар Сурия ва Лубнон навишт, ӯ ошкоро аз мухолифони мусаллаҳи Ҳукумати Сурия ҳимоят ва дар робита ба парвандаи нафтӣ ва Эрон низ бо дархостҳои ОПЕК ҷиҳати коҳиши тавлид бо ҳадафи афзоиши қимати мухолифат кард, вале дар ниҳоят маҷбур шуд, бештарин коҳиши тавлиди нафтро бипазирад.
Бар асоси ин гузориш, масъалаи шикаст ва ақибнишинии Арабистони Саудӣ маҳдуд ба рӯёрӯии мустақими низомӣ ва сиёсӣ намешавад, балки ин шикаст шомили он чӣ мақомоти Риёз онро «қудрати нарм»-и худ дар минтақа медонанд, низ мешавад.