Ноябр 24, 2022 20:36 Asia/Dushanbe
  • Такзиби ҳамла ба пойтахти Украина тавассути Русия

Сухангӯи Вазорати дифои Русия бо такзиби ҳамлаи шаби гузашта ба Киев, пойтахти Украина омили хисороти воридомада ба ин кишварро дифои зиддиҳавоии Украина муаррифӣ кард .

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Игор Коношинкав-сухангӯи Вазорати дифои Русия эълом кард, ки ҳамлае ба Киев-пойтахти Украина сурат нагирифтааст ва ҳамаи хисороти шаби гузашта, ки Киев онро гузориш карда натиҷаи резиши мӯшакҳои зиддиҳавоии хориҷӣ ва украинӣ аст, ки дар манотиқи маскунии пойтахти Украина насб шудааст .
Русия борҳо гуфтааст, ки ирсоли силоҳҳои ғарбӣ ба Украина танҳо боиси тӯлонӣ шудани муноқиша дар ин кишвар мешавад ва пайомадҳои ғайриқобили пешбинӣ ба дунбол дорад.
 

 

Барчасп