Таҳлил: Хостаи Путин барои шаклгирии низоми ҷадиди молӣ дар ҷаҳон
(last modified Sat, 26 Nov 2022 16:43:17 GMT )
Ноябр 26, 2022 21:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Хостаи Путин барои шаклгирии низоми ҷадиди молӣ дар ҷаҳон
    Таҳлил: Хостаи Путин барои шаклгирии низоми ҷадиди молӣ дар ҷаҳон

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия рузи панҷшанбе хостори ташкили як низоми моли бар мабнои воқеъиятҳои низоми чандқутби шуд Путин гуфт: Метавон бар мабнои фановариҳои арзи диҷитоли низоми ҷадиди барои пардохтҳои байналмиллали эҷод кард, ки ҳам роҳтар бошад ва ҳам комилан барои мушорикаткунандагон амнтар бошад ва мустақил аз бонкҳо ва дахолатҳои тарафҳои солис бошад.

Раиси Ҷумҳурии Русия таъкид кард ниҳодҳои молии дунё бо воқеъиятҳои ҷаҳон чандқутбии мунтабиқ бошанд ва бар мабнои усули демокроти амал кунанд. Путин изофа кард: Низоми пардохти байналмиллалии кунуни гарон аст ва системаи ҳисоб ва муқарароти он тавассути гуруҳи кучак аз давлатҳо ва ширкатҳои моли кантрол мешавад.

Амрико дар чанд даҳҳаи гузашта яъне аз замони эҷоди низоми молӣ Бартун Вудз пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум аз султааш бар низоми молии дунё ва пули худ яъне доллар барои эъмоли фишор зидди дигар кишварҳои худ истифода карда аст.

Ян Бреммер ва Клиф Купчон ду донишманди улуми сиёсии амрикоӣ мафҳуми ба номи силоҳингории умури молиро ба манзури туриза кардани сиёсатҳои бархи кишварҳо ба вижа Амрико дар истифода аз низомҳои молӣ ба унвони абзорҳои барои эъмоли дипломосии рузмандона ва таҳмили хостаҳои худ ба кишварҳои мухолиф ибдо карданд.

Бреммер ва Купчон мегуянд: Амрико дар ҳоли ҳозир ба ҷои тавасул ба муалифаҳои суннатии бартарии амнияти худ монанди НАТО ва ниҳодҳои чандҷониба монанди Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллалии пул ба истифода аз низоми молӣ ба унвони силоҳи барои пешбурди сиёсати хориҷӣ ва амниятии худ ру овард ва аз таҳдиди қатъи дастраси ба бозорҳо ва бонкоҳои ин кишвар ба унвони аҳрими фишор зидди кишварҳои мухталифи худ истифода мекунад.

Кристиан Линднер, вазири дорои Олмон мегуяд: Ихроҷ аз сомонаи суифт тезтарин шамшери аст, ки ғарб метавонад ба унвони таҳрими иқтисодӣ зидди Русия берун биёварад.

Иқдомоти Амрико ба ҳамроҳи муттаҳидонаш барои эъмоли шадидтарин таҳримҳо зидди Русия ва низ ҳам Чин пешгири аз мубодилоти тиҷорӣ ва энержии ин кишвар сабаб шуд то ангезаи ҷадиди барои ҷоигузинии доллар ба унвони арзи бартари байналмиллалӣ, ки то кунун саҳми ғолибро дар тиҷорат ва молияи ҷаҳон ифо карда аст ба вуҷуд ояд.

Бо вуҷуди ин ки ҳануз ҳам доллар бузургтарин арзи захираи ҷаҳон маҳсуб мешавад аммо истифодаи Амрико аз он ба унвони як силоҳи молӣ ба эҳтимоли зиёд боиси тасриъи ҳаракати бисёри аз кишварҳо барои танавуъбахшидан ба сармоягузориҳо дар арзҳои чойгузин мешавад зимни ин ки кишварҳои монанди Туркия, Ҳинд ва Чин, ки моил ба мушорикат дар таҳрими Русия нестанд руйкарди истифода аз арзҳои милли дар муъомилот бо Маскавро дар пеш гирифтанд.

Акнун бо пешниҳоди Путин барои эҷоди низоми молии навини дар ҷаҳон, ки бар мабнои ғайр аз доллар монанди истифода аз арзҳои диҷитоли аст чашмандози ҷадиди дар ин замина ба вуҷуд омада аст ин амр ба иловаи дигар иқдомот монанди эҷоди сомонаҳои мустақили иртибототи байни бокни аз ҷониби Русия ва Чин метавонад навидбахши раҳои ҷаҳон аз низоми молии таҳти султаи Амрико бошад.