Вокуниши Улянов ба ҳазфи Русия аз бозори энержии Аврупо
(last modified Wed, 30 Nov 2022 10:12:41 GMT )
Ноябр 30, 2022 15:12 Asia/Dushanbe
  • Бирол муддаӣ шуда буд: Русия барои ҳамеша, Аврупоро ба унвони бузургтарин муштарии энержи аз даст дод
    Бирол муддаӣ шуда буд: Русия барои ҳамеша, Аврупоро ба унвони бузургтарин муштарии энержи аз даст дод

Намояндаи Русия дар Созмони байналмиллалӣ дар Вена ба канор гузоштани Маскав аз бозори Аврупо вокуниш нишон дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Михаил Улянов намояндаи Русия дар Созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена сешанбе шаб дар Твиттер дар вокуниш ба суханони Фатиҳ Бирол мудири иҷроии ожонс навиш: Аврупо, Русияро ба унвони манбаи аслии энержи аз даст дод то битавонад гази табии  мояи Амрикоро бо қимати бисёр газофтар харидори кунад? Аҷаб дастоварди бузурге ба даст овардаанд.

 Бирол муддаӣ шуда буд: Русия барои ҳамеша, Аврупоро ба унвони бузургтарин муштарии энержи аз даст дод.

Блумберг ҳам пештар гузориш дод, Иттиҳодия Аврупо дар ҳамоҳанги бо гурӯҳи 7 ба дунболи афзоиши сақфи қимати нафт  дар Русия  дар сатҳи 65 то 70 доллар дар ҳар бушкаи аст. 

Александр Новак муовини нахуствазири Русия эълом кард, Маскав ба кишварҳое, ки сақфи қиматро дар бозори нафт поин нигаҳ доранд,   нафт нахоҳад фурӯхт.

Иттиҳодияи Аврупо, ки ба шиддат воридоти гозоил аз Русия  вобастааст то 5-уми феврал, воридоти ҳамаи маҳсӯлоти нафтии Русияро манъ хоҳад кард. Ин иқдоми Броксел ба дунболи иҷрои мамнуъияти воридоти нафти хоми Русия аз моҳи  декабр иҷроии хоҳад шуд.

Бештар бихонед: