Декабр 02, 2022 19:24 Asia/Dushanbe
  • Русия ва НАТО
    Русия ва НАТО

Вазири хориҷаи Русия Ғарбро ба хотири таъмини таслеҳоту омӯзиши низомиён ба дахолати мустақим дар ҷанги Украина муттаҳам кард.

Ҷанги Украина бо ҳамаи паёмадҳои густардаи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоияш вориди даҳумин моҳи худ шудааст ва ирсоли таслеҳоти кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия Ғарбро ба хотири таъмини таслеҳоту омӯзиши низомиён ба дахолати мустақим дар ҷанги Украина муттаҳам кард.

Лавров ба хабарнигорон гуфт, ҳамалоти Русия ба зерсохтҳои энержии Украина ба манзури ҷилавгирӣ аз интиқоли таслеҳоти Ғарб ба Украина аст.

Ин мақоми рус таъкид кард: Мо зерсохтҳои энержиро дар Украина аз байн мебарем то силоҳҳо ба тарафи Украина сарозер нашаванд. Ҳаргиз нагӯед Амрикову НАТО дар ин ҷанг дахолат надоранд. Онҳо ба таври мустақим дар ин ҷанг ворид шудаанд”.

Дар ҳамин ҳол қонунгзорони итолиёӣ лоиҳаеро ки иҷоза медод ин кишвар бидуни тасвиби порлумон ба Украина таслеҳот ирсол кунад, лағв карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп