Таҳлил: Ҳамлаи террористи ва инфиҷорҳо дар Афғонистон идомаи ноамниҳо
Афғонистон дар рузи гузашта шоҳиди суиқасд ба кордори сафорати Покистон дар Кобул ва инфиҷор дар масҷиди Самангон бо беш аз 20 куша буда аст, ки ба идомаи нигарониҳо дар мавриди пойдори амният дар Афғонистон доман зад.
Убайдулло Низомӣ кордори сафорати Покистон дар Афғонистон ба дунболи тирандозии муҳоҷимони ношинос ба суи сафорати ин кишвар дар шаҳри Кобул ҷони солим бадар бурд ва дар ин тирандози муҳофизи вай захми шуд то кунун шахси ё гуруҳи масъулияти ин ҳамла ба сафорати Покистон дар Кобул ва суи қасд ба ҷони кордори ин кишварро бар уҳда нагирифта аст.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар паёми талош барои террори кордори сафорати Покистон дар Кобулро маҳкум кард ва таҳқиқоти шафоф барои шиносоӣ ва боздошти муҳоҷимонро аз давлати Толибон дар Афғонистон хостор шуд.
Тардиде нест муҳимтарин ҳадафи муҳоҷимон аз ҳамла ба сафорати Покистон дар Кобул зарба задан ба равобити ин кишвар ва гуруҳи Толибон аст, аммо ончи муҳим аст ин ки дар рузҳои ахир ҳамалоти террористӣ зидди маконҳои мазҳаби ва мадрасаҳои динӣ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон афзоиш ёфта аст, ки аз ҷумлаи он метавон ба ҳамлаи террористӣ дар Самангон ва масҷиди Имони Кобул ишора кард, ки тайи онҳо даҳҳо тан кушта ва маҷруҳ шуданд.
Ба назар мерасад гуруҳҳои рақиби Толибон аз ҷумла гурҳҳои террористии ДИИШ дар ҳоли ба чолиш кашидани тавони амниятии Толибон барои таъмини амнияти мардуми Афғонистон ва биноҳои сиёсӣ ва омузишӣ аст илова бар ин ба назар мерасад гуруҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон руйкардҳои амалиётии худро ба ҳамла ба маконҳои мазҳаби ва дафтарҳои кории шахсиятҳо ва ҳамчунин ба биноҳои сиёсӣ тағир доданд, ки бисёр хатарнок аст Абдулатиф Назарӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора мегуяд: Толибон борҳо қавл дода аст амнияти мардуми Афғонистонро таъмин кунад, аммо дар амал натанҳо амнияти пойдор дар ин кишвар ҳоким нашуда аст балки ба назар мерасад гуруҳҳои дар сададанд мавқеъияти Толибонро дар Исломобод заъиф кунанд зеро яке аз муҳимтарин пештивонаҳои Толибон давлат ва артиши Покистон аст.
Ҳамла ба кордори сафорати Покистон пас аз чанд руз аз сафари Ҳано Рабонӣ, муъовини вазири хориҷаи Покистон ба Кобул метавонад ҳомили ин паёми равшан барои Исломобод бошад, ки даст аз мудохила дар умури Афғонисон бардорад ва ба ин раванд поён диҳад.
Ин мавъуз аз он ҷиҳат барои Афғонистон муҳим аст, ки давлати Покистон ба он кишвар ба унвони ҳаёти халвати худ нигоҳ мекунад дар ин ҳол терори номувафақи кордори Покистон дар Кобул беиртибот бо хуруҷи гуруҳҳои террористӣ Таҳрики Инсоф аз паймони оташбас бо артиши Покистон наметавонад бошад чаро ки ин гуруҳ ба аъзои худ дастур дода аст манофеъи Покистонро дар ҳарҷо мавриди ҳамла қарор диҳанд ва чунон чи ҳамла ба кордори сафорати Покистон дар Кобул кори Таҳрикул Ансоф бошад метавон гуфт ин гуруҳи террористӣ кушида аст зимни қудратнамоӣ дар баробари Покистон нишон диҳад, ки аз тавоноӣ лозим барои зарба задан ба манофеъи Покистон бархурдор аст Алӣ Хазоӣ коршиносӣ масоили афғонистон дар ин бора мегуяд:
Ҳамла ба кордори сафорати Покистон дар Кобул дар ҳоле, ки баъд аз сафари Ҳано Рабонӣ ба Афғонистон ва хуруҷи Таҳрику Ансоф аз паймони оташбас бо артиши Покистон тадобири амниятӣ дар Кобул ба хусус афроди вобаста ба сафорат Покистон ташиди шуда буд то ҳадди машкук ба назар мерасад аз инру ин эҳтимол, ки дастҳои дар кор бошад, ки фишорҳои артиши Покистонро бар Толибон афзоиш диҳад дур аз зеҳн нест.
Дар ҳар ҳол сарфи назар аз ин ки ҳамла ба кордори сафорати Покистон дар Афғонистон кори чи гуруҳи ва бо чи аҳдофи буда аст метавонад ба нигарониҳо дар мавриди пойдории амният ба хусус маконҳои дипломати доман бизанад .
Ин ба маънои нотавонӣ Толибон дар таъмини амнияти онҳо низ талақи мешавад бо дар назар гирифтани дигар ҳамалоти террористӣ ба масҷидҳо ва маконҳои омузиши динӣ ва дафтарҳои кории бархе шахсиятҳо метавон гуфт: Мавҷи ҷадиди аз нооромиҳо дар Афғонистон дар ҳоли густариш аст, ки метавонад мавқеъияти Толибонро ба унвони ҳукумрони Афғонистон ба хатар бияндозад.
Ин гуруҳ бо гузашти беш аз як сол аз ҳокимияти дуборааш дар Афғонистон ҳамчунон бо инҳисоргароӣ ба ҳокимияти худ идома медиҳад ва ҳеҷ барномаеро барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон эълом накарда аст бино бар ин ба назар мерасад гуруҳҳои дар ҳошиямонда ва норози аз амалкарди Толибон, ки метавонад аз аъзои худи ин гуруҳ низ бошанд аз ангезаи лозим барои зарба задан ба Толибон бархурдор хоҳанд буд.