Мақоми рус: Шикасти тавофуқномаи Минск заминасозӣ ҷанги Украина буд
(last modified Mon, 12 Dec 2022 06:50:20 GMT )
Декабр 12, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Владимир Путин , Раиси Ҷумҳӯри Русия ахиран иҷро нашудани тавофуқномаи Минск ибрози таъсуф кард
    Владимир Путин , Раиси Ҷумҳӯри Русия ахиран иҷро нашудани тавофуқномаи Минск ибрози таъсуф кард

Сухнагӯи Раёсат Ҷумҳӯрии Русия шикасти тавофуқномаи Минскро заминасозии ҷанги Украин тавсиф кард.

 Тавофуқномаи оташбаси Минск пас аз ройзаниҳои дипламатики сарони Фаронса ва Олмон бо ҳузӯри Раиси Ҷумҳӯрии Русия, дар 12-уми феврали 2015 байни Киев ва ҷудоиталабон имзо шуд аммо ин тавофуқ борҳо тавассути артиши Украина ва ҷудоиталабони минтақаӣ  Дунбас нақз шудааст.

Ин тавофуқнома дорои  12 банд аст ва Русия хостори миҷрои бандҳои ин тавофуқнома аз аввал то охар аст аммо ба гузориши расонаҳои русӣ, давлати Украина бо иҷрои он аз банди аввал мувофиқ нест ва мехоҳад фақат бархе бандҳои мавриди назари худро иҷро кунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Дмитри Песков сухангӯи Раёсат Ҷумҳӯрии Русия эълом кард, нигаронии ин кишвар дар бораи нодида гирифта шудани тавофуқномаи Минск, муқадимае барои оғози амалиёти низомии Русия дар Украина буд. Владимир Путин , Раиси Ҷумҳӯри Русия ахиран иҷро нашудани тавофуқномаи Минск ибрози таъсуф кард.

Беш аз 9 моҳ аз ҷанги Украина бо ҳамаи табаъотои густардаи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва ҳатто фарҳангиаш мегузарад ва ирсоли таслиҳоти кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад.

Бештар бихонед: