Декабр 18, 2022 19:47 Asia/Dushanbe
  • Эътирозоти ҳазороннафарӣ дар Брюссел алайҳи афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ

Ҳазорон нафар аз мардуми Белгия дар хиёбонҳои Брюссел, алайҳи афзоиши ҳазинаҳои маъишатӣ даст ба эътироз заданд.

Ба гузориши хабаргузории Райтерс, ҳазорон нафар аз муътаризон дар хиёбонҳои Брюксел, пойтахти Белгия бо барпоии тазоҳурот алайҳи афзоиши ҳазинаҳои маъишатӣ, системаҳои ҳамлу нақли умумиро мухтал карданд.

Ба гуфта полиси Брюссел, 16 ҳазору 500 тан дар ин роҳпаймоӣ, ки тавассути иттиҳодияҳои тиҷории намояндаи коргарони бахши давлатӣ баргузор шуд, ҳузур доштанд.

Муътаризон дар ин роҳпаймоии ҳазороннафарӣ дар пойтахти Белгия, хостори дастмузду шароити беҳтари корӣ ҳамзамон бо афзоиши таваррум дар Аврупо шудаанд.

Қимати газу барқ дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина ва эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия афзоиш ёфтааст. Нархи таварруми кулли Белгия дар моҳи ноябр ба 10.63 дарсад расид, дар ҳоле, ки таварруми масрафкунанда дар кулли минтақаи Евро ҳудӯди 10 дарсадаст.

 

Барчасп