Таҳлил: Уфуқи торике пеши рӯйи кабинаи ҷадиди Натаняҳу
Муҳлати 10 рӯзаи Натаняҳу барои ташкили кабинаи ҷадид имрӯз ( чаҳоршанбе) ба поён мерасад ва уфуқи торке дар пеши рӯйи кабинаи ҷадидаст
Ҳар чанд эҳтимол дорад бо таваҷӯҳ ба пирӯзии аҳзоби дастростӣ дар интихоботи гузашта ва ҳамчунин тавофуқҳое, ки дар ин муддат миёни Натаняҳу ва раҳбарони ин аҳзоб дар хусуси тақсими мақомҳои вазорати сурат гирфт кабинаи ҷадид ба раисит ин режим ҷиҳати муарифӣ ба парлумон барои ахази райи эътимод муарифӣ шавад аммо ин ба мафҳуми поёни чолишҳо нест ва иловабарин,ки кабинаи ҷадид низ ҳамонанди кабинаҳои қабли шикананда хоҳад буд балки ба гуфтаи ағлаб соҳибназарон чолишҳои ҷадидро низ барои ин режим эҷод хоҳад кард ба хусус он, ки ин режим бо чолишҳои сохтори низ мувоҷеҳ аст, ки фаротар аз чолишҳои давлатӣ ва кабинаӣ аст.
Яке аз муътаризони кобинаи ҷадиди Натаняҳу мувоҷеҳ шуданд он бо буҳрони эътимоди фазояндааст, ки абъоди густардае дорад. Ҷудо аз ин, ки бо пирӯзии аҳзоби дастростӣ ва фашистӣ ва роҳёбии онҳо ба кабинаи ҷадид боиси салби эътимоди умуми дар ҷаҳон ба режими саҳюнистӣ шуда балки худи ҳамэътилофиҳои Натаняҳу низ ба вай эътимод надоранд лизо қабл аз ташкили давлат бар мусаваботе исрор доранд, ки ҷалви хилофи ваъда ва ё хиёнати Натаняҳуро ба онҳо бигирад. Ин масъала реша дар амалкарди гузаштаи Натаняҳу дорад, ки ҳамвора ба ҳампаймонони сиёсии худ нигоҳи абзори дошта ва сари фурсат онҳоро қурбони манофеъи худ кардааст зимни, инки вай камокон бо парвандаҳои фасоде мутаъадиде мувоҷеҳ аст, ки бетардид сужаи муносибе барои аҳзоби рақиб хоҳад буд ва дар дастури кори онҳо қарор хоҳад гирифт.
Ҳар як аз муттаҳидони Натаняҳу барои ҳузӯр дар кабина, ниёз ба қонуни хосе доранд. Афзоиши қудрати вазири амнияти дохилӣ дар полис аз ҷумлаи қовонине аст, ки Натаняҳу барои ҷалби назари Итамар Бен Гвир раҳбари ҳизби диннии "Авестумои яҳудият" бояд пеш аз баргузории марсоими савганд дар Кнессет тасвиб кунад.Қонуни дигаре, ки бояд дар Кнессет тасвиб шавад ислоҳи қонуне аст, ки ба Безалел Смотрич ба унвони вазири дороӣ иҷоза хоҳад дод то сарҳанги масъули умури шаҳракҳои саҳюнистнишини Каронаи Бохтарӣ дар Вазорати ҷангро мансуб кунад. Ин қонун ҳамчунин шароите барои тасадии мансаби Вазорати дохила ва беҳдошт, тавассути Ария Дерӣ раҳбари ҳизби диннӣ "Шас"-ро бо вуҷӯди доштани маҳкумияти кайфари фароҳам хоҳад кард. Тарс аз хиёнати Натаняҳу, онҳоро бар он дошт Натаняҳуро маҷбур кунанад, ки аз ҳизби Ликуд як раис муввақат барои Кнессет интихоб кунад ҳатто қабл аз ташкили кабинаи ҷадид, аз тасвиби қавонини дилхоҳ ва мадди назарашон итминон ҳосил кунанд.
Шояд муҳимтарин масъалае, ки мизони муъзели кунуниро ба тасвир мекашад муттаҳам шудани Натаняҳу аз сӯйи Авигдор Лиеберман, вазир дороии давлати режими саҳюнистӣ бошад. Вай Натаняҳуро ба тақсими исроилиҳо ба ду миллат ё чанд миллат муттаҳам ва таъкид кард, ки Натаняҳу манофеъи Исроилро ба хотири манофеъи шахсии худ қурбонӣ мекунад. Дар ин росто Тамир Пардо раиси собиқи Мусод гуфт: Дар ҳоле, ки дар бораи таҳдидоти бузурге, ки алайҳи Исроил вуҷӯд дорад суҳбати зиёде мешавад, аммо бузургтарин таҳдид дар бораи худи мо исроилиҳо аст, ки аз тариқи нобудии худ ба худи дар солҳои ахир будааст. Мо бояд барои тавақуфи ин фоҷеъа қабл аз расидан ба нуқтаи бебозгашт талош кунем чаро, ки Исроил худ ба худ дар ҳоли фурӯпоши аст.
Пас аз интихоботи Фаластини ишғолӣ ва аҷала барои ташкили кабинаи ростагрои ифротӣ, ин пешбини қувват ёфтааст, ки афзӯн бар ташддиди увзоъи вахими арсаҳои сиёсӣ ва дипломосӣ, ҳавзаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҳам таҳти таъсир қарор гирад. Ба пешбинии корошиносон ба қудрат расидани ростгароёни фашист дар Исроил сабаби коҳиши ангезаҳо ва афзоиши фарори мағзҳо ва муҳоҷирати нухбагон ба кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои шимолӣ ва хориҷ шудани бисёре аз ширкатҳои иқтисодӣ ва тавлидии ҷаҳон аз сарзаминҳои ишғолӣ хоҳад шуд.
Бар асоси пажуҳише, ки соли 2018 бо унвони муҳоҷирати маъкуси яҳудиён мунташир шуд теъдоди касоне, ки тайи даҳҳаҳои ахир Ирози ишғолиро тарк кардаанд, ба яку ним миллион мерасад. Бар асоси пажуҳише аз сӯйи Исроил дар соли 2020 ҳудуди 16 ҳазор яҳуди ба далели мушкҳои муқовимат, ки таҳдиди бузурге барои зиндагии онҳо аст Ирози ишғолиро тарк кардаанд. Мизони муҳоҷирати солона ба Ирози ишғолӣ аз 100 ҳазор муҳоҷир дар даҳҳаи 90 қарни гузашта ба 14 ҳазор муҳоҷир дар замони кунуни расидааст. Бар ин асос метавон гуфт, ки яке аз натоиҷи ташкили кабинаи ростгаро ва фашситӣ дар Фаластини ишғолӣ суръат гирифтани раванди муҳоҷирати маъкусро низ ин,ки тақвият ва ташддиди муқовимати фаластинӣ ва ҳаракати интифозаро низ дар вокуниш ба барномаҳои таҳоҷуми ва тавсиаталабонаи аҳзоб ва гурӯҳҳои ифротии роҳёфта ба кабинаи ҷадиди Натанияҳу ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Бештар бихонед:
- Тадовуми тазоҳурот алайҳи Натанияҳу дар Қудси ишғолӣ
-
Пора кардани хаймаҳои эътирозгарони зидди Натанияҳу дар Қудс