Декабр 26, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Русия: Бар асоси пешшартҳои Украина музокира нахоҳем кард

Муовини вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав гузинаи роҳи ҳали сиёсӣ барои ҳали даргириҳои Украинаро рад намекунад аммо бар асоси пешшартҳои Киев музокира намекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Михаил Галузин муовини вавзири хориҷаи Русия гуфт: Санъати тасмимгирӣ ва иқдомоти режими феълии Киев, ки сиёсатмадоронаш ба бедиқати ва нотавони дар музокира ва русҳаросӣ маъруф ҳастанд, ошкор аст.

Галозин афзӯд: Агарчӣ гухзинаи музокира ва роҳи ҳали сиёси барои ҳали муноқишаро рад намекунад аммо қасд надорем бар асоси пешшартҳое, ки мақомҳои Киев матраҳ мекунанд, музокира кунем. Ин дипламати аршади рус таъкид кард: Ҳоло ҳама чиз фақат ба омодагии Киев ва арбобони  ғарбиаш барои расидан ба як роҳии ҳали сиёсӣ ва дипламатик бастаги дорад.

Галозин бо ишра ба ибтикори сулҳи Владимир Зеленский Раиси Ҷумҳӯрии Украина гуфт: Пешниҳоди вай барои ақабнишинии нерӯҳои русӣ аз қаламрави Украина дар Крисмас, беҳудааст. Ҳафтаи гузашта расонаҳои амрикоӣ аз тарҳи 10 модаии Зеленский барои сулҳ хабар дода будаанд, ки қарор аст авохири феврал ироа ва дар солгарди шурӯъи ҷанги Украина рунамоӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Дмитри Медведов муовини Шӯрои амнияти миллии русия дар бораи вуқуъи ҷанги ҷаҳонии саввум ва фоҷеаи ҳастаӣ ҳушдор дод ва гуфт, ки заротхонаи ҳастаӣ ва завобити истифода аз онҳо монеъ аз оғози ҷанги Ғарб алайҳи Русия шуд.