Иддаои Амрико: Мадуро раҳбари қонунии Венесуэла нест/Таҳримҳо идома меёбанд
Амрико дар идомаи сиёсатҳои хасмонаи худ алайҳи Николас Мадуро раис Ҷумҳӯрии Венесуэла эълом кард, ки ҳамчунон ӯро ба унвони Раиси Ҷумҳӯри ин кишвар ба расмият намешиносанд.
Давлати Венесуэла дар январи 2019 ва ба дунболи ҳимояти Амрико аз раҳбари мухолифон пас аз пирӯзии муҷаддади Николас Мадуро дар интихоботи раёсат Ҷумҳӯри, равобит бо Вашингтонро қатъ кард. Ин дар ҳоле аст, ки ба тозагӣ, 72 намояндаи собиқ ва мухолифи давлати Венесуэла, ки дар соли 2019 аз Ҷуан Гуаидо ҳимоят карда буданд, инҳилоли давлати мувақат ба раёсатии вайро тасвиб карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Амрико, асри сашанбе дар ҷамъе аз хабарнигорон бо такрори мавозеъи кишвараш дар зиддият бо Николас Мадуро Раиси Ҷумҳӯри Венасуэло гуфт: Рӯйкарди мо нисбат ба Мадуро тағир накардааст. Ӯ раҳбари қонунии Венасуэло нест.
Пройс дар идомаи дахолатҳои Вашингтон дар умури дохилаи Венесуэла афзӯд: Дороиҳои давлати Венесуэла дар Амрико аз ҷумла ширкати давлатии нафт, дар ихтиёри Маҷлиси миллӣ таҳти раҳбарии мухолифони давлати Венесуэла боқи хоҳад монд.
Сухангуи умури хориҷаи Амрико гуфт: Таҳримҳои куллии муртабит бо Венесуэла ва маҳдудиятҳои муртабит бо он ҳамчунон побарҷо ҳастанд.