Январ 06, 2023 21:06 Asia/Dushanbe
  • Шоҳзода Ҳари ба қатли 25 нафар дар Афғонистон эътироф кардааст
    Шоҳзода Ҳари ба қатли 25 нафар дар Афғонистон эътироф кардааст

Шоҳзода Ҳари, хурдтарин писари Чарлз - шоҳи Британия дар китоби ҷадиде, ки ёддоштҳои вай дар он мунташир шуда, ба қатли 25 нафар дар Афғонистон эътироф кардааст.

Ба гузориши вебгоҳи “Русия алявм”, шоҳзода Ҳари дар ин бора навиштааст: “Дар ҷараёни дуюмин ҳузурам дар ҷанги Афғонистон шаш бор ба ин кишвар эъзом шудам, ки дар маҷмуъ 25 нафарро куштам, аммо аз ин масъала на шарманда ҳастам ва на ба он ифтихор мекунам.

Вай дар китобаш, ки бо унвони “SPARE” мунташир шуда, навиштааст: Дар гармогармии ҷанг ман ба ин фикр намекардам, ки ин 25 нафар аз мардум (Афғонистон) ҳастанд, балки монанди муҳраҳои шатранҷ онҳо аз рӯйи сафҳа канор зада шуданд.

Рӯзномаи “Телеграф” дар ин бора навишт: Ин барои нахустин бор аст, ки ин шоҳзодаи 38 солаи британияӣ ба теъдоди неруҳои Толибон, ки дар замони даврони хидмати сарбозиаш дар Афғонистон онҳоро кушта, ишора кардааст.

 

Барчасп