Декабр 13, 2016 20:34 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Кремлин аз гузинаи Трамп барои Вазорати умури хориҷаи Амрико

Кремлин аз интихоби Рекс Тиллерсон, ба унвони вазири умури хориҷаи кобинаи Доналд Трамп истиқбол кард.

Ба иттилои хабаргузории Фаронса, Кремлин рӯзи сешанбе эълом кард, Рекс Тиллерсон,  вазири умури хориҷаи кобинаи Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико фарде ҳирфаист, ки равобити кории хубе бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дорад.

Тиллерсони 64 сола аз соли 2004 мудири иҷроии ширкати нафтии Эксонмобил аст.

Интихоби Тиллерсон муҷиби нигаронии бархе маҳофили амрикоӣ шудааст, зеро ӯ равобити хубе бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дорад .