Сафари садри аъзами Олмон ба Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i97-Сафари_садри_аъзами_Олмон_ба_Қирғизистон
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон барои дидор бо мақомоти Қирғизистон вориди Бишкек шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 14, 2016 16:01 Asia/Dushanbe
  • Сафари садри аъзами Олмон ба Қирғизистон

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон барои дидор бо мақомоти Қирғизистон вориди Бишкек шуд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд. Ба гузориши хабаргузории "Форс", Ангела Меркел, садри аъзами Олмон шаби гузашта вориди Қирғизистон шуда, дар оғози вуруд мавриди истиқболи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон қарор гирифтааст.

Меркел дар ин сафар дидорҳои ҷудогонае бо раисҷумҳур, нахуствазир, раиси парлумон ва теъдоде аз фаъолони ҳавзаҳои иҷтимоию динии Қирғизистон хоҳад дошт.

Дар дидори сарони кишварҳои Олмону Қирғизистон дар мавриди чашмандози муносиботи дуҷонибаи Берлину Бишкек ва густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф табодули назар хоҳад шуд.