Зилзилаи 6.3 риштерӣ дар манотиқи мухталифи Покистон
Заминларзае бо қудрати 6.3 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер ё Рихтер) Исломобод - пойтахти Покистон ва атрофи он ва ҳамчунин бахши васеъе аз манотиқи шимоли ғарб ва шарқи ин кишварро ларзонд.
Ин заминларзаи ҷадид дар ҳолест, ки ҳудуди 9 рӯз пеш низ заминларзае бо қудрати 5.6 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер) Исломобод - пойтахти Покистон ва атрофи он ва ҳамчунин бахши васеъе аз манотиқи шимолу шимоли ғарбии ин кишварро ларзонда буд.
Ба гузориши ИРНА, заминларзае бо қудрати 6.3 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер) зуҳри имрӯз – якшанбе, бахшҳое аз Покистон, ба вижа Исломобод - пойтахти ин кишварро ларзонд.
Ҳанӯз хабаре аз хисорот ё талафоти эҳтимолии ин заминларза гузориш нашудааст.
Ин заминларза аз ҷумла дар Ровалпинди низ эҳсос шудааст.
Созмони зилзиланигорӣ ва заминшиносии Покистон конуни ин зилзиларо дар умқи 150 километрии Тоҷикистон эълом кард.
Авоили тирамоҳи соли гузашта заминларзае бо қудрати 5.9 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер) манотиқи мухталиф дар иёлати Балучистони Покистонро ларзонд. Ин зилзила 35 кушта ва садҳо масдум барҷой гузошт.