Сафари Натанёҳу ба Боку. Аҳдофи сиёсию амниятӣ зери пӯшиши ҳамкории иқтисодӣ
(last modified Wed, 14 Dec 2016 14:32:33 GMT )
Декабр 14, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Сафари Натанёҳу ба Боку. Аҳдофи сиёсию амниятӣ зери пӯшиши ҳамкории иқтисодӣ

Бо вуҷуди эътирозҳои густурдаи дохилию минтақаӣ саранҷом сафари Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири режими нажодпарасти Исроил ба Боку рӯзи сешанбе, 13 декабр анҷом шуд.

Ба гузориши хабаргузории АПА, Бинёмин Натанёҳу дар конфронси хабарии муштарак бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дар Боку хостори густариши муносиботи ду тараф дар заминаҳое шуд, ки дорои моҳияти низомӣ гуфта нашаванд. Ба гуфтаи Натанёҳу, муносиботи наздик миёни ду кишвар набояд сарфан ба маънои тиҷорати силоҳ гуфта шавад. Вай ҳамчунин гуфт, "Исроил давлати яҳудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ давлати мусалмон аст. Мо дар ин кишвар фаъолияти муштараки мусалмонону яҳудиҳоро шоҳидем, ки ояндаи хуберо барои ҳарду кишвар ваъда медиҳад".

Хабаргузории “Тренд” низ гузориш дод, Илҳом Алиев дар конфронси хабарии муштарак бо Натанёҳу гуфтааст, “яҳудиён бахши хеле фаъоле аз ҷамъияти моро ташкил медиҳанд ва дар тавсеаи Ҷумҳурии Озарбойҷон нақши бузурге доранд”. Ӯ ҳамчунин нақши яҳудиёнро дар тавсеаи сиёсию иқтисодии Озарбойҷон дорои аҳамият гуфта таъкид кард, ин нақшҳо дар густариши равобити дуҷониба дорои аҳамият аст. Ҳамзамон бо сафари нахуствазири Исроил ба Боку Ҷунбиши муқовимати исломӣ барои озодии Қарабоғ бо интишори баёнияе сафари Бинёмин Натанёҳуро ба Озарбойҷон маҳкум кард. Дар баёнияи ин ҷунбиш омадааст: “Ин сафар бо манофеи давлату миллати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар тазод аст ва аъзои Ҷунбиши муқовимати исломӣ барои озодии Қарабоғ ба ин сафар муътариз ҳастанд”. Пеш аз ин Маҷмаи рӯҳониён ва Ҳизби исломии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ бо судури баёнияҳои ҷудогонае сафари нахуствазири режими саҳюнистиро ба Боку маҳкум карда буданд.

Бояд гуфт, бетаваҷҷуҳии давлати Боку ба дархостҳои мардуми мусалмони Озарбойҷон ва соири миллатҳои мусалмони минтақа нишондиҳандаи беаҳамият будани хости мардум дар муқобили хости ҳокимияти Боку аст. Эътирозкунандагон ба сафари нахуствазири Исроил ба Озарбойҷон аз давлати Илҳом Алиев хоста буданд, ин сафарро лағв кунад. Бо вуҷуди изҳороти раисҷумҳури Озарбойҷон дар конфронси хабарии муштарак бо нахуствазири режеми саҳюнистӣ бояд гуфт, теъдоди яҳудиёни муқим дар Озарбойҷон аз 16 ҳазор нафар беш нест. Илҳом Алиев дар изҳороти худ ба нақши иқтисодии ин теъдоди андак дар муқоиса бо ҷамъияти мусалмонони Озарбойҷон таъкид кардааст. Ин дар ҳолест, ки бештар аз 98 дарсад аз ҷамъияти даҳмиллионнафарии Ҷумҳурии Озарбойҷонро мусалмонон ташкил медиҳанд. Бадеҳист, ки нақши ин ҷамъияти азим дар иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти хос дорад. Аммо мақомҳои давлати Боку, аз ҷумла шахси Илҳом Алиев нақши мардуми мусалмони Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар рушди сиёсию иқтисодии ин кишвар сарфи назар мекунад.

Тайи чанд соли гузашта густариши равобити ҳукумати Илҳом Алиев бо режими Исроил умдатан дар заминаи содироти нафти хом ва хариди силоҳҳои Исроил шакл гирифтааст. Бархе манобеи хабарӣ, аз ҷумла АПА аз имзои қарордоди ҷадиди низомии дутарафа дар ҷараёни сафари Натанёҳу ба Боку хабар доданд. Ба гузориши ин манбаъ, қарордоди низомии ҷадиде ба арзиши наздик ба панҷ миллиард доллар миёни ҳукумати Илҳом Алиев ва нахуствазири Исроил ба имзо расидааст. Пеш аз ин низ ду тараф чандин қарордоди низомӣ имзо карда буданд, ки Исроил ба давлати Боку силоҳҳои нокоромаду ғайримуносиб фурӯхта буд. Бисёре аз силоҳҳое, ки Озарбойҷон аз Исроил харидааст, ғайри қобили истифода будаанд. Тай моҳҳои гузашта низ мавзӯи фурӯши сомонаи зиддимӯшакии ба истилоҳ "Гунбади оҳанин"-и Исроил ба Ҷумҳурии Озарбойҷон матраҳ шудааст. Ин дар ҳолест, ки зимни санҷиши ин сомона дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин он баҳои мусбат нагирифта буд.

Ногуфта намонад, ки соири ҳамкориҳои ду тараф дар бахши кишоварзӣ, умури омӯзишӣ ва фанноварии иттилоотӣ камтар дар расонаҳо матраҳ шудааст. Ҳукумати Илҳом Алиев тайи чанд соли гузашта бо иҷора додани заминҳои ҳосилхези ҷануби Озарбойҷон ба ниҳодҳои амниятии Исроил мӯҷиби нобудии кишоварзии ин кишвар шудааст. Дар гузашта Ҷумҳурии Озарбойҷон содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои минтақа маҳсуб мешуд. Аммо аз замоне ки заминҳои кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ниҳодҳои Исроил вогузар шудааст, ин кишвар дигар маҳсуле барои содирот надорад, балки ба воридкунандаи умдаи маҳсулоти кишоварзӣ табдил шудааст. Ин иқдоми фоҷиабор танҳо як намуна аз натиҷаи ҳамкориҳои ду тараф қаламдод мешавад.