Интиқоди Лавров аз рӯйкарди султамеҳвари Ғарб
Феврал 03, 2023 18:51 Asia/Dushanbe
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бо интиқод аз рӯйкарди султамеҳвари Ғарб гуфт, кишварҳои ғарбӣ бо сиёсатҳои неоистеъморӣ ба дунболи ҳифзи султаи иқтисодии худ бо ҳазинаи дигарон ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Сергей Лавров дар нишасти Камиссиони «ҳамкориҳои байналмилалии Ҳизби Русияи муттаҳид» бо таъна ба сиёсатҳои истеъмории кишварҳои ғарбӣ дар гушаву канори ҷаҳон таъкид кард, ки ғарбиҳо наметавонанд иддаои раҳбарии ахлоқӣ дошта бошанд.
Лавров афзуд, ҷиноёти истеъморӣ маҳдӯдияти замонӣ надорад ва барои ҳамеша кишварҳои ғарбиро аз ҳаргуна иддаоҳои ахлоқӣ маҳрӯм мекунад ба хусӯс, ки ғароизу хӯйи истеъмории онҳо аз байн нарафтааст.
Барчасп