Феврал 14, 2023 20:23 Asia/Dushanbe
  • Никки Хейли расман номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико шуд
    Никки Хейли расман номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико шуд

Никки Хейли намояндаи пешини Амрико дар Созмони Милал расман номзадии худро барои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 ин кишвар эълом кард.

Никки Хейли сиёсатмадори 51 сола ва ҳиндитабори амрикоӣ аст, ки дар давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид буд, Хейли ду бор собиқаи фаъолият ба унвони фармондори Кролинаи ҷанубиро дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Никки Хейли бо интишори як филми таблиғоти ба таври расми вориди корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 Амрико шуд.

Никки Хейли дар ин филм борҳо аз амалкарди Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии кунунии Амрико ва демократҳо интиқод кард.

Барчасп