Иддаои Блинкен дар бораи БарҶом
https://parstoday.ir/tg/news/world-i98708-Иддаои_Блинкен_дар_бораи_БарҶом
Вазири хориҷаи Амрико боз ҳам иддао кард, ки беҳтарин роҳ барои ҳалли мавзӯи ҳастаии Эрон, дипломатия аст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 21, 2023 20:21 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Блинкен дар бораи БарҶом

Вазири хориҷаи Амрико боз ҳам иддао кард, ки беҳтарин роҳ барои ҳалли мавзӯи ҳастаии Эрон, дипломатия аст.

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе, дар як конфронси хабарӣ дар Афина, пойтахти Юнон бидуни ишора ба хурӯҷи якҷонибаи кишвараш аз БарҶом муддаӣ шуд, ки мақомоти кишвараш бовар доранд, ки дар робита бо барномаи ҳастаии Эрон, муассиртарин ва пойдортарин роҳи дипломатия аст.

Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин иддао кард, аз ин ба баъд дарҳои музокира дар бораи мавзӯи ҳастаии Эрон боз аст.