Эътирози мардуми Италия ба ҳимояти сарони Аврупо аз ҷанги Украина
Итолиёиҳо дар нахустин солгарди ҷанги Украина, бо баргузории таҷаммуъ ва тазоҳурот дар шаҳрҳои бузурги Италия, таваққуфи ирсоли таслиҳот ба Киев ва барқарории сулҳро хостор шуданд.
Кишварҳои аврупоӣ ва Ғарб бавижа Амрико бо ташдиди фишор таҳримҳо алайҳи Федератсияи Русия ва арзаи анвоъ силоҳҳои сабук ва сангин ба Киев, натанҳо гоме дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги Украина барандоштанд, балки беш аз пеш ба оташи даргириҳо дар ин кишвар доман задаанд.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ҳазорон нафар шанбешаб бо ҳузур дар хиёбонҳои маркази Рум, пойтахти Италия, шамъҳо равшан ва банерҳо дар мухолифат бо НАТО ва ирсоли силоҳ ба Украина дар даст доштанд.
Садҳо итолиёӣ ҳам бо таҷаммӯъ муқобили фармондории Рум, дар ҳоле, ки зидди сиёсатҳои таҳоҷумии НАТО шиор медоданд, бар зарурати хурӯҷи Италия аз Иттиҳоди Аврупо ва НАТО таъкид карданд.