Феврал 26, 2023 17:23 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ҳушдори шадидулаҳни Кареяи Шимолӣ ба Амрико
    Таҳлил: Ҳушдори шадидулаҳни Кареяи Шимолӣ ба Амрико

Кареяи Шимолӣ ба Амрико ҳушдор дод, ки хушунатҳои мудовим ва иқдомоти таҳрикомез мумкин аст ба унвони эъломи ҷанг дар назар гирифта шавад.

Ин ҳушдор пас аз он содир шуд, ки Амрико ва Кареяи Ҷанубӣ ба размоиши худ дар обҳои пайромуни Кареяи Шимолӣ идома медиҳанд ва ин мавзӯъ сабаби ошкор шудани нигарониҳои минтақаӣ аз ҷумла дар Кареяи Шимолӣ шуда аст.

Аз ин рӯ Дабири кулли дипортмони умури Амрико дар Вазорати хориҷаи Кареяи Шимолӣ эълом кард танҳо роҳи мутавақиф кардани чархаи ташдиди танишҳои низомӣ дар шибҳиҷазираи Карея ва манотиқи пайромунии он ин аст, ки Амрико аз мақсадҳои худ барои истиқрори таҷҳизоти стратежики дар Кореяи Ҷанубӣ даст бикашад ва ба размоиши муштарак бо муттаҳидонаш поён диҳад дархосте, ки ҳеҷгоҳ мавриди пазириши Амрико қарор нагирифт ва ҳамчунон ба размоиши худ бо Кареяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба шакли дуҷониба ва чандҷониба идома медиҳад.

Жи Нок Юнг коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: Амрико сирфан сиёсати танишзоӣ дар шибҳиҷазираи Кареяро дунбол мекунад ва яке аз абзорҳои Вашенгтон барои пешбурди ин сиёсат доман задан ба Кореяи Шимоли ҳароси ва Чин ҳароси аст ин дар ҳоле аст, ки ин ду кишвар борҳо бар иттихози роҳкори минтақаӣ барои кумак ба тасбити сулҳ ва амният дар шибҳиҷазираи Карея ва шарқи Осиё таъкид доранд.

Аз дидгоҳи Кареяи Шимолӣ ниҳодҳои байналмилалии асаргузор бар амнияти ҷаҳонӣ аз ҷумла шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид набояд дар баробари иқдомоти таҳрикомези Амрико сукут кунад, зеро аз ин ру дидгоҳи Пхениян сукути Созмони Милал дар баробари сиёсатҳои таҳоҷумии Амрико нишон медиҳад, ки ин кишвар аз Созмони Милал ба унвони абзори ҷиҳати эъмоли фишор бар Кореяи Шимолӣ истифода мекунад.

Ба ҳамин далел ин кишвар борҳо дар мавриди ин ки агар шурои амнияти Созмони Милал бихоҳад ҳақи табиъӣ Кореяи Шимолӣ барои дифоъ аз худро зери савол бибарад бо табаоти ҷидди ру ба ру хоҳад шуд.

Ин ба он маъно аст, ки Амрико мудовим бо истифода аз абзори шурои амният ва судури қатънома талош мекунад кишварҳои мухталифи худро маҳдуд намояд. Суруш Амирӣ коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегуяд: Сиёсати Амрико дар садади тазъифи кишварҳои муқобили худ бо истифода аз абзори таҳрим ва судури қатънома дар шурои амнияти Созмони Милал аст то монеъ аз дастёбии кишварҳои мухталиф сиёсатҳои Амрико ба тавон ва қудрати бозаргони шавад.

Ба ҳамин далел Кареяи Шимолӣ дар мавриди истифодаи абзории Амрико аз шурои амният борҳо ҳушдор дод ва аз ин ниҳоди байналмилалӣ хоста аст то ҳаққи ҳамаи кишварҳо барои тақвияти қудрати боздорандагиро муҳтарам шуморад.

Дар ҳоли аз дидгоҳи Кареяи Шимолӣ агар шурои амнияти Созмони Милал дар ҳақиқат мехоҳад ба сулҳ ва амнияти шибҳиҷазираи Корея кумак кунад бояд иқдомоти танишзоӣ низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубиро аз ҷумла истиқрори мутаволии таҷҳизоти стратежики ва размоиши густарда зидди Кореяи Шимолӣ маҳкум кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки ин шуро таҳти таъсир ва нуфузи Амрико натанҳо дар баробари иқдомоти таҳрикомези Амрико ва муттаҳидони он дар минтақа иқдом ва вокуниш сурат надода аст, балки таҳти таъсири сиёсатҳои Вашенгтон сирфан Кареяи Шимолиро таҳти фишор қарор медиҳад.

Дар ин ҳол Кареяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо бози дар замини Амрико ба илтиҳоби ҳарчи бештари амнияти дар минтақа доман мезананд ва ин боис шуда асто то шибҳиҷазираи Карея беш аз ҳар замони дигар ороиши низомӣ бигирад.