Март 02, 2023 17:26 Asia/Dushanbe
  • Пекин : Вашингтон сулҳ дар тангаи Тайванро ба хатар меандозад

Пекин пас аз парвози як ҳавопаймои низомии Амрико бар фарози обҳои тангаи Тайван, Вашингтонро муттаҳам кард ки сулҳ дар ин обраҳаи байналмилалиро ба хатар меандозад.

Танишҳо миёни Пекин ва Тайван низ аз моҳи августи соли гузашта дар паии сафари Нэнси Плоси-раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван боло гирифтааст. Дар ин миён бо ирсоли таҷҳизоти низомӣ ва силоҳ аз Амрико ба Тайван ин таниш рӯз ба рӯз бештар мешавад . Давлати Чин ҳамвора Тайванро бахше аз хоки худ медонад ва аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳад ба асли " Чини воҳид " эҳтиром бигузоранд.
Ба гузориши Спутник, Ши И,сухангӯи фармондиҳии шарқии артиши Чин рӯзи панҷшанбе дар баёнияе гуфт : « Иқдомоти таҳрикомез ва мудохилаҷӯёнаи Амрик дар минтақа барҳамзанандаи сулҳу субот дар тангаи Тайван аст, ки мо қотеъона мухолифати худро бо ин иқдомот эълом мекунем .

 

Барчасп