Март 03, 2023 20:59 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат бо масунияти Трамп
    Мухолифат бо масунияти Трамп

Вазорати додгустарии Амрико эълом кард, истидлоли Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико дар хусуси ин ки вай аз масунияти мутлақ аз даъвоҳои маданӣ дар робита бо ҳамла ба Конгресс дар 6 январи 2021 бархӯрдор астро намепазирад.

“Вашингтон пост” панҷшанбешаб навишт, вакилони Вазорати додгустарии Амрико дар мавриди парвандаи қазоии ирсолшуда ба додгоҳи истинофи ноҳияи Колумбия дар Амрико навиштанд, ки вукалои Трамп фақат ин истидлолро матраҳ мекунанд, ки раиси ҷумҳур ҳамеша аз ҳар гуна даъовии маданӣ бар асоси суханонаш масун аст.

Вукалои Трамп соли гузашта аз додгоҳ хостанд, эълом кунад, ки ӯ аз масунияти мутлақ аз даъовии марбут ба шашуми январ бархӯрдор аст.

Ин раъйи додгустарии Амрико танҳо се рӯз пас аз ин ки Трамп барои сеюмин бор номзадии худро барои раёсати ҷумҳурии Амрико эълом кард, содир шуд.

 

Барчасп