Сиёсатмадори амрикоӣ: Исроил ба тарафи фоҷеъа дар ҳаракат аст
Шаҳрдори пешини Ню-Йорк изъон кард: Режими саҳюнистӣ ба тарафи фоҷеъа дар ҳаракат аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмаёдин, Майк Блумберг шаҳрдори пешини Ню-Йорк ва тоҷири яҳудӣ изҳор дошт: Кобинаи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири мувақати режими саҳюнистӣ зарарҳои зиёди ба эътилофҳои ин режим ворид карда аст.
Ин сиёсатмадори амрикоӣ афзуд: Кобинаи Натаняҳу ҳамчунин амният, иқтисод ва низоми сиёсии Исроилро бо хатар ру ба ру кард ва онро ба тарафи фоҷеъа майл медиҳад.
Блумберг бо ишора ба ҳаҷми ҳимоятҳои Амрико аз режими саҳюнистӣ, ки дар ду даҳаи ахир афзоиш ёфта аст нисбат ба ояндаи ин режим ибрози нигарони кард.
Ин сиёсатмадори амрикоӣ дар бораи тарҳи Натаняҳу барои тағир дар системаи қазоӣ ин режим низ таъкид кард: Кобина дар талош аст нақш ва амалкарди дастгоҳи қазоро дар Исроил хунсо кунад.
Блумберг хотирнишон кард: Эҳсоси зарари иқтисодӣ амалан дар Исроил оғоз шуда аст резиши шакили пули режими саҳюнистӣ ҳам ҳувайдо аст.