Март 14, 2023 12:02 Asia/Dushanbe

Нишасти бузургдошти ҳакими Низомӣ, пешвои ҳамосаҳои ошиқона дар адабиёти форсӣ бо ҳузури дӯстдорони забони форсӣ ва донишҷӯёни Босния ва Ҳерзговин дар Сараево баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин нишаст бо талоши ройзании фарҳангии Эрон дар Сараево ва ба муносибати ҳафтаи гиромидошти ҳаким Низомӣ, шоири эронии қарни шашуми ҳиҷрӣ ( қарни 12 милодӣ ) баргузор шуд, ки бо истиқболи хуби форсиомӯзони босниёӣ рӯбарӯ шуд .
Мошоаллаҳ Шокирӣ-сарпарасти сафорати Эрон дар Сараево бо истиқбол аз ҳузури алоқамандон ба забону адабиёти форсӣ дар нишасти ҳаким Низомӣ гуфт: Мардуми манотиқи мухталифи ҷаҳон тамаддуни Эронро аз даричаи шеъру шоирони он мешиносанду шеъри форсӣ ва гӯйиши форсӣ аз Самарқанд то Чин имтидод доштааст.
Номейр Коро Халилович-устоди забону адабиёти форсӣ ҳам дар ин нишаст ба муаррифии вижагиҳои шеъри ҳаким Низомӣ пардохт .
Ғуломризо Солимиён-устоди эронии забону адабиёти форсии донишгоҳи Сараево низ дар бораи шахсияту осори ҳакими Низомӣ барои дӯстдорони ин шоири эронӣ суханронӣ кард .
Ҳамчунин намоишгоҳи осори хушнивисии Султон Муҳаммаднур ва « Маҳмуди Мазҳаб,аз ҳунармандони қарни даҳуми ҳиҷрӣ аз Панҷганҷи ҳаким Низомии Ганҷавӣ барои дӯстдорони ин шоири эронӣ дар Сараево ба намоиш даромад .
Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс, мутахаллис ба Низомии Ганҷавӣ шоиру достонсарои эронӣ дар  қарни давоздаҳуми милодӣ мезистааст .
Махзанлсрор, Ҳафт пайкар, Хусраву Ширин, Шарафнома ( Искандар ), Лайлӣ ва Маҷнун ва девони ҳакими Низомӣ аз осори машҳури ин шоир аст . Оромгоҳи ҳаким Низомӣ дар ҳошияи ғарбии шаҳри Ганҷа қарор дорад.
12 март рӯзи ҳаким Низомӣ дар Эрон аст ва камиссиюни миллии Юнеско - Эрон ҷоизае ба номи ҳаким Низомӣ ба чеҳраҳои баргузидаи фарҳангу ҳунар дар ҳавзаҳои мухталиф эъто мекунад . Ин ҷоиза дар бахши байналмилал низ эҳдо хоҳад шуд .