Март 15, 2023 13:45 Asia/Dushanbe
  • Пенс: Байден ва демократҳо масъули варшикастагии

Муовини пешини Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико, демократҳо ва раисиҷумҳури феълии ин кишварро масъули варшикастагии бонки амрикоии "Silicon Valley Bank" донист.

Майк Пенс, муовини пешини Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико, бо таъкид бар инки Ҷо Байден ва демократҳо масъули варшикастагии бонки "Silicon Valley" ҳастанд гуфт: "дуруст монанди соли 2008, Ҳизби демократ беш аз 10 триллиондоллар ҳазинаҳои худро афзоиш дод ва ин амр мунҷар ба таварруми бесобиқа дар Амрико шуда ва Бонки марказиро мулзам ба афзоиши нархи баҳра кардааст".

Вай бонки "Silicon Valley"-ро ба тамаркуз бар рӯи сармоягузорӣ бар рӯи пружаҳое монанди мубориза бо буҳрони обу ҳавоӣ муттаҳам карду тааҳҳуди ин бонк ба «пайгирии аҳдофи муҳитӣ, иҷтимоӣ ва ҳукуматии чапгаро»-ро мавриди тамасхур қарор дод.

Байден рӯзи душанбе бо баёни инки молиётдиҳандагони амрикоӣ масъули зиёнҳои бонки варшикаста шуда нахоҳанд буд, муддаӣ шуд, ки системаи бонкии Амрико амн аст ва амрикоиҳо метавонанд ба он эътимод кунанд.