Март 22, 2023 17:29 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Русия иҷоза намедиҳад НАТО тавозуни қудрати ҷаҳониро тағир диҳад
    Рябков: Русия иҷоза намедиҳад НАТО тавозуни қудрати ҷаҳониро тағир диҳад

Муовини вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки Маскав иҷоза нахоҳад дод НАТО тавозуни қудрати ҷаҳониро тағир диҳад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Рябков дкр мусоҳибае бо шабакаи " Канали 1) Русия НАТО  ба дунболи тағири тавозуни қудрати ҷаҳонӣ ба нафъи худ аст ва иддаои  ҳегемоняи ҷаҳонӣ дорад, гуфт: Маскав иҷозаи ин корро нахоҳад дод.

Вай афзӯд: Ин мабнои ақлонӣ барои тақвияти ҳамкории  мо бо Чин ба вижа дар ҳавзаи амниятӣ аст. Ин масъала ҳамчунин мабнои ақлонии тасмими мо барои таълиқи муъоҳидаи Ситарти  Ҷадидро ташкил медиҳад.

Владимир Путин раисиҷумҳӯри Русия дар суханронии худ ба муносибати нахустин солгарди ҷанг алайҳи Украина дар моҳи феврал гуфта буд: Русия аз Паймони Старти Ҷаддид хориҷ намешавад, вале мушорикати онро ба ҳолати таълиқ дар меоварад.