Қисмати 788 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 18-21
Қисмати 788 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 18-21
18
وَ لا تَزِرُ وازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى وَ إِنْ تَدْعُ مُثْقَلَةٌ إِلى حِمْلِها لا یُحْمَلْ مِنْهُ شَیْءٌ وَ لَوْ کانَ ذا قُرْبى إِنَّما تُنْذِرُ الَّذینَ یَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ بِالْغَیْبِ وَ أَقامُوا الصَّلاةَ وَ مَنْ تَزَکَّى فَإِنَّما یَتَزَکَّى لِنَفْسِهِ وَ إِلَى اللَّهِ الْمَصیرُ
Ҳеч кас бори "Гуноҳ" дигареро бар душ накашад ва агар "Шахси" сангин бори дигареро барои ҳамли бори худ фаро хонад, ҳар чанд хешони "Ӯ" бошанд, чизе аз он бардошта намешавад, "Эй Паёмбар!" ту танҳо касонеро "Бим ва" инзор медиҳи, ки аз Парвардигорашон дар ниҳон бимно кунад ва намозро барпо медоранд ва ҳар кас покизагии ҷуяд, натиҷааш ба худаш боз мегардад ва бозгашти "Ҳама" ба сӯйи Худованд аст.
Ин оят ба яке аз усули иътиқоди мусалмонон яъне адли Худованд ишора дорад ва мефармояд: дар қиёмат мелоки кайфар ва подоши илоҳӣ, амали худи афрод аст ва касе бар асоси равобити динявӣ ҳамчун рафоқат ва хешовандӣ бори гуноҳи дигареро бар душ намегирад. Худованд низ дар муҳосибаи аъмол, бори гуноҳи касеро бар души дигаре намегузорад, дар қиёмат ҳар кас бояд посухгӯйи аъмоли худ бошад, дар онҷо ҳеч инсонӣ бо фосид шумурдани муҳит ва ҷомиа ва муқасир донистани онҳо, наметавонад аз зерибори гуноҳон ва ҷароими худ шона холи кунад.
Албатта бадеиҳи аст агар касе дигаронро ба гуноҳ даъват кардааст, ба мизони саҳмие, ки дар иртиботи гуноҳи дигарон дошта дар кайфари онҳо шарик аст, чунон,ки агар касе дар даъвати дигарон ба корҳои нек нақш дошта бошад, дар подоши онон шарик аст.
Идомаи оят, ба решаи иртикоби гуноҳ, яъне олудагии рӯҳӣ ишора карда ва мефармояд: танҳо касоне ба сухани ҳақ гӯш фаро медиҳанд ва аз зиштиҳо дурӣ мегузинанд, ки аз рӯҳияи ҳақҷӯйи ва ҳақталабӣ бархурдор буда ва ба дунболи покӣ ва саломати рӯҳ бошанд, дар ғайри ин сурат, ҳатто суханони Паёмбар (с) ҳам дар онон асаре надорад ва мутанабиҳ ва бедор намешаванд.
Аз ин яот меомӯзем:
1 – Дар қиёмат, гуноҳони бори сангине бар души инсон аст.
2 – Дар дунё фиреби касонеро нахурем, ки барои даъвати мо ба гуноҳ мегуянд: натарсед, агар кайфаре буд, мо бори гуноҳи шуморо бар душ мекашем.
3 – Гуноҳи ҳар кас ба уҳдаи худ аст ва моро ба хотири гуноҳи дигарон кайфар намедиҳанд, аммо агар ба вазифаи наҳӣ аз мункари амал накунем ва дигаронро аз корҳои нописанд ва гуноҳи олуда боз надорем мо низ ба хотири сукут дар баробари рафторҳои зишти дигарон кайфар мешавем.
4 – Дар қиёмат ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст ва коре аз дигарон барнамеояд, гарчӣ аз наздиктарин афроди мо бошад.
19
وَ ما یَسْتَوِی الْأَعْمَى وَ الْبَصِیرُ
Ва нобино ва бино яксон нестанд.
20
وَلَا الظُّلُمَاتُ وَلَا النُّورُ
Ва на торикиҳо ва рушнои.
21
وَلَا الظِّلُّ وَلَا الْحَرُورُ
Ва на сойя ва гармои офтоб.
ин оятҳо аз роҳи ташбеҳ ва тамсил ба муқоисаи муъмин ва кофар пардохта ва мефармояд: оё дар назари шумо касе, ки нобиност ва чизеро намебинад бо касе, ки биност ва ҳамаи чизро мебинад яксон аст? Равшан аст, ки яксон нест ва дарёфтҳои онҳо аз ҳақиқати ин ҷаҳон мутафовит аст, зеро яке ҷуз торики чизеро ҳис намекунад ва дигаре ҳамаи чизро дар партави нӯр ва рӯшноӣ мебинад, гӯё яке ҳамвора дар сояе зиндагӣ мекунад ва дигаре ҳамеша дар партави офтоби тобон қарор дорад, албатта биноӣ ва нобиноӣ ду амр таквини ҳастанд, ки афрод худашон дар он нақше надоранд, аммо имон ва куфр, умури ихтиёри ҳастанд, ҳар кас метавонад роҳи куфрро дар пеш гирад, дар натиҷа дар торикии куфр фуру рафта ва худро аз дидани ҳақоиқи маънавӣ ва ғайбӣ маҳрум созад, ё ба акс дар партави нури имон ба басират расида ва аз ҳидояти илоҳӣ баҳраманд шавад.
Оятҳои дигаре аз Қуръон низ бар ин масала таъкид доранд, ки Худованд, паёӣбарон ва китобҳои осмониро фиристода то мардумро аз торикиҳо ба сӯйи нӯр ҳидоят кунанд, дар ҳоле, ки сарони куфр ва тоғут талош мекунанд мардумро аз нӯр хориҷ карда ва дар торикӣ ва зулумот фуру баранд.
Дар табиат, ҳаёти мавҷҷудоти зинда, аз гиёҳ ва ҳайвон ва инсон, дар партави нӯр ва гармоии хуршед таъмин мешавад ва агар нӯр ва ҳарорати хуршед ба замин нарасад ва торикӣ бар ин кураи хокӣ ҳоким шавад, ҳамаи мавҷудот аз байн мераванд, рӯҳи инсон низ ҳамингуна аст, яъне ҳаёти рӯҳи инсон вобаста ба нӯри илоҳӣ аст, нӯре, ки аз тариқи ақл ва қудрати дарунӣ ва нидои паёмбарони берунӣ таъмин мешавад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Бо муқоисаи хубиҳо ва бадиҳо ва бо муқоисаи байни зиндагии муъминони дурусткор бо кофирони бадкор, метавонем роҳеро аз бероҳа ташхис диҳем ва гирифтори ширк ва куфр нашавеем.
2 – Дин ба инсон басират ва рӯшноӣ мебахшад то аз биниш ва шинохти лозим барои раҳоӣ аз зулматҳо ва торикиҳо бархурдор шавад.
3 – Дар ин оятҳо, нӯр ба сурати муфрад омада, дар баробари зулумот "Торикиҳо", ки ба сурати ҷамъ омадааст, яъне роҳи ҳақ яке пеш нест, вале роҳҳои каҷ ва инҳирофӣ фаровон аст.