Декабр 28, 2017 06:36 Asia/Dushanbe

Қисмати 789 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 22-26

22

 

وَمَا یَسْتَوِی الْأَحْیَاءُ وَلَا الْأَمْوَاتُ إِنَّ اللَّـهَ یُسْمِعُ مَن یَشَاءُ وَمَا أَنتَ بِمُسْمِعٍ  مَّن فِی الْقُبُورِ                                                                        

 

Ва ҳаргиз мурдагон ва зиндагон яксон нестанд, Худованд ҳар киро бихоҳад шунаво мекунад ва ту касонеро, ки дар гурҳо ҳастанд, шунаво натавони кард.

23

 

إِنْ أَنتَ إِلَّا نَذِیرٌ                               

 Ту ҷуз ҳушдордиҳандае "Беш" нести.

 

Дар идомаи оятҳои қаблӣ, ин оятҳо, кофиронро ба мурдагон ва муъминонро ба зиндагон ташбеҳ карда ва мефармояд: дилҳои кофирон ҳамчун мурдагон аст, ки на мебинанд ва на мешунаванд,  куфр мононди ҳиҷобе дар баробари инсон, монеъ мешавад, ки ӯ ҳақиқатро бубинад ва бишнавад, дар воқеъ касоне паёми илоҳиро ба гӯши ҷон мешунаванд, ки дилҳояшон дар пайи шунидани ҳақ  ва пазириши он бошад, аммо агар дил омодаи пазириши ҳақ набошад, гӯш ҳам омодагии шунидани онро нахоҳад дошт, дуруст монанди замоне, ки шумо машғули мутоилиа ҳастед ва телевизион рушан аст, агар шумо ба барномаҳои он таваҷҷуҳ накунед, чизе аз суханони гуяндаро дарк намекунед, бо он,ки ҳамаи суханони ӯ ба гӯши шумо хурдааст, зеро шумо қасди шунидани онҳоро надоштаед, кофирон низ сухани ҳақ ба гӯшашон мехурад, аммо чун қасди шунидан ва пазириш надоранд, гӯйё аслан сухани ҳақро нашунидаанд ва мутаваҷҷиҳ нашудаанд.

Идомаи оятҳо хитоб ба расули Худо мефармояд: маъмуряти ту ҳушдор ва инзор аст ва касе ба ин ҳушдорҳо таваҷҷуҳ мекунад, ки гӯши шунаво дошта бошад, на он,ки ҳамчун мурдагон, ношунаво ва нобино бошад,  сухани ту ҳар қадар гӯйё ва мантиқӣ бошад, то вақте касе нахоҳад бишунавад ва дарк кунад, бар ӯ асаре нахоҳад дошт.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Имон муҷиби ҳаёт ва рушди фард ва ҷомеа аст ва куфр, мояи марг ва суқути фард ва ҷомеа аст.

2 – Таблиғи дин ва даъвати мардум ба сӯйи ойини яктопарастӣ, амре зарурӣ аст, аммо агар дар мардум омодагии лозим фароҳам набошад, набояд интизор дошт, ки онҳо таҳти таъсир қарор гиранд ва ҳақро бипазиранд.

 

3 – Куфр ва рӯйгардонии мардум, муҷиби яъс ва ноумеди ё шак ва тардиди мо дар ҳақонияти роҳамон нашавад.

 

24

 

إِنَّا أَرْسَلْنَاکَ بِالْحَقِّ بَشِیرًا وَنَذِیرًا وَإِن مِّنْ أُمَّةٍ إِلَّا خَلَا فِیهَا نَذِیرٌ   

 

Ҳамонон мо туро ба ҳақ, башорат диҳанда ва бим диҳанда фиристодем ва ҳеч умате набуда, магар он,ки дар миёни онҳо бимдиҳандае будааст. 

 

Дар идомаи оятҳои қабл дар бораи муъминон ва кофирон, ин оят ба рисолати аслии паёмбарон ишора карда ва мефармояд: ҳидояти мардум барасоси ҳақ, башорат ба некукорон ва ҳушдор ба бадкорон, вазифаи ҳамаи фиристодагони Худованд будааст, онҳо ибтидо роҳро нишон медиҳанд ва сипас бо баёни кайфар ва подоши илоҳӣ дар дунё  ва охират, мардумро ба хубиҳо ташвиқ ва аз корҳои бад боз медоранд. Паёмбарон, илова бар таълими маорифи илоҳӣ, ба тарбияти мардум мепардозанд ва монанди мурабиёни дилсӯз аз аҳримҳои ташвиқ ва тавбих баҳра мегиранд.

Аз онҷо, ки бисёре аз мухотабони паёмбар, афроди худхоҳ ва лаҷуҷ ва мутаасиб буданд, ояти қабл ва идомаи ҳамин оят, таъкиди бештаре бар шеваи инзор дорад ва мефармояд: Худованд барои боз доштани мардум аз афкор ва рафтори инҳирофӣ, ҳамвора паёмбарон ва авлиёи худро маъмур кард, ки ба мардум дар мавриди авоқиби корҳояшон инзор ва ҳушдор диҳанд ва ононро аз сарнавишти бад битарсонанд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ташвиқ ва тавбих ва бим ва умед дар канори якдигар корсоз аст, ҳар як бидуни дигаре, ноқис аст ва сабаби нақс дар кори тарбият ва рушди маънавии инсон мешавад.

 

2 – Ҷомеае, ки гирифтори ғафлат аст, ба тазаккур ва ҳушдор беш аз башорат ниёз дорад.

 

3 – Худованд ҳечгоҳ заминро аз ҳуҷат холи нагузоридааст ва ҳамвора марде аз авлиёи Худо барои иблоғи паёми илоҳӣ дар миёни мардум ҳузур доштааст.        

 

 

25

 

إِن یُکَذِّبُوکَ فَقَدْ کَذَّبَ الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِالْبَیِّنَاتِ وَبِالزُّبُرِ وَبِالْکِتَابِ الْمُنِیرِ

 

Ва агар туро такзиб мекунанд, ҳамоно касоне ҳам, ки пеш аз онон буданд "Низ паёмбаронашонро" такзиб карданд, паёбаронашон бо муъҷизот ва далоили ошкор ва навиштаҳо ва китоби рушангар ба суроғашон омаданд.

 

 

26

 

ثُمَّ أَخَذْتُ الَّذِینَ کَفَرُوا  فَکَیْفَ کَانَ نَکِیرِ

 

Сипас онҳоро, ки куфр варзиданд, "Ба муохаза" гирифтем, пас кайфари ман чигуна буд?

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ин оят хитоб ба Паёмбари Ислом  (с )мефармояд: агар мушрикони Макка даъвати туро намепазиранд ва рисолати туро такзиб мекунанд, нигарон набош ва тааҷуб накун, зеро дар тули таърих, афроди бисёре аз рӯйи ҷаҳл ё таасуб. Дар баробари паёмбарон истодаанд, ё он,ки он расулони илоҳӣ ҳам муъҷиза доштанд ва ҳам сухан ва мантиқи равшан. Бархе аз паёмбарон низ китоби осмонӣ доштанд ва соҳиби шариат буданд ва қавонин ва таолими илоҳиро барои мардум баён мекарданд, албатта онон, ки аз рӯйи иннод ва лаҷоҷат дар баробари ҳақ истоданд дар ҳамин дунё гирифтор шуданд ва кайфари илоҳӣ ононро дарбар гирифт, то сарнавишти онҳо, дарси ибрате барои дигарон бошад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки?

 

1 – Паёмбарон дорои сухан ва каломи равшан буданд ва мардумро барасоси далил ва мантиқ ба сӯйи Худо даъват мекарданд, на хурофа ва газофа.

 

2 – Инкори ҳақ пас аз дарк ва фаҳми он, заминаи нузули қаҳри илоҳиро фароҳам мекунад.

 

3 – Қаҳри Худованд, ихтисос ба охират надорад, гоҳ дар ҳамин дунё низ қаҳр ва ғазаби Ӯ зоҳир мешавад.