Қисмати 790 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 27-30
Қисмати 790 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 27-30
27
أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّـهَ أَنزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجْنَا بِهِ ثَمَرَاتٍ مُّخْتَلِفًا أَلْوَانُهَا وَمِنَ الْجِبَالِ جُدَدٌ بِیضٌ وَحُمْرٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهَا وَغَرَابِیبُ سُودٌ
Оё надидаи, ки Худо аз осмон обе фуру фиристод, пас ба василаи он меваҳое, ки рангҳояшон гуногун аст, падид овардем ва аз бархе кӯҳҳо роҳҳои сафед ва сурх ба рангҳои мухталиф ва комилан сиёҳ "Падид овардем".
28
وَمِنَ النَّاسِ وَالدَّوَابِّ وَالْأَنْعَامِ مُخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ کَذَلِکَ إِنَّمَا یَخْشَى اللَّـهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ إِنَّ اللَّـهَ عَزِیزٌ غَفُورٌ
Ва аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён низ, рангҳои гуногун "Офариидем" аз миёни бандагони Худо, танҳо донишмандон аз Ӯ метарсанд ва Худованд Азиз ва Омурзанда аст.
Ин оятҳо ҳамчун оятҳои аввали сура, ба нишонаҳои яктоӣ ва кудрати Худованд ва инсон, дорои рангҳои мутафовит ва мутанавее ҳастанд ва ин танавуъ, тасвири зебо аз ҳастӣ ироа медиҳад, чиратарин "Моҳир" нақошони ҷаҳон беҳтарини осорашон, корҳое аст, ки манзараи табииро чунон нақоши кунанд, ки табии баназар ояд ва натавон миёни нақошӣ ва тасвири воқеии он манзара тафовуте қоил шуд, ё чеҳрапардозон тасвири сурати инсонро чунон табии бикашанд, ки бинанда гумон кунад ин асар, тасвире аз чеҳраи инсон аст, ки ба василаи дурбин бардошта шудааст, ба иборати дигар, Худованд чунон табиат ва инсонро зебо офаридааст, ки башар дар авҷи корҳои ҳунариаш, талош мекунад бо қалами худ, тасовиреро ҳарчӣ бештар ба табиат наздик кунад.
Афзун бар танавуи рангҳо дар табиат, ки худ шоҳкори хилқат аст, танавуъи ранг ва таъм ва мазаи анвои меваҳо ва маҳсулоти боғӣ ва зироие, ки ҳама аз як об сероб мешаванд, аз муъҷизоти дигари офариниш аст, оби борон, ки на ранг дорад ва на таъм ва маза, ҳангоме, ки аз тариқи ришта ба тана ва соқа ва гул мерасад, анвои рангҳо ва таъмҳоро ба башар ҳадия мекунад.
Идомаи оятҳо ба масъуляти бузурги донишмандон ишора карда ва мефармояд: онҳо, ки азамати офаринишро дарк мекунанд ва ба қудрати номунтаҳои Худованд пай мебаранд, дар баробари ин ҳамаи азамат, ба хашият мерасанд ва ҳамвора аз кӯтоҳӣ дар анҷоми вазоифи худ дар баробари Парвардигор бимноканд, илм ва огоҳӣ ба азамати ҳастӣ, чунон инсонро баробари Холиқи ҳастӣ мутавозеъ ва хошеъ мекунад, ки камтарин асари он, тарс аз кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа аст.
Албатта дар инҷо илм ба маънои кашфи формулаҳои физикӣ ва шимӣ ва зистшиносӣ нест, зеро мумкин аст ин формулаҳо ба танҳои чунин асареро дар инсон надошта бошанд, балки барасоси ривоятҳо, илме муҷиби хашият мешавад, ки инсонро аз лобалоии табиати модӣ, ба Худои Холиқ бирасонд ва имони ӯро тақвият кунад то ба марҳалаи яқин бирасад, манзур аз илм дар ин оятҳо, бархурдорӣ аз навъи огоҳи аз басират аст, ки имони инсонро ба офаридгори ҷаҳон тақвият кунад, бинобарин агар касе саршор аз андухтаҳои илмӣ бошад, вале дар мавриди азамати Парвардигор, ҳадафҳои офариниш ва сарнавишти инсон дар қиёмат ва масоили назири он, огоҳи надошта бошад, дар зумраи ҷоҳилон аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Аз нишонаҳои қудрати Худованд ин аст, ки аз як об ва хок, маҳсулот ва меваҳои мутанавеъ бо таъмҳо ва рангҳои гуногун падид меоварад.
2 – Дин бо зебои мухолиф нест. Худованд, ибдоъ кунанда ва холиқи ҳамаи зебоиҳост. Ӯ зеботарин манозирро дар кӯҳҳо ва ҷангалҳо ва дарёҳо офарида ва онро нишонаи вуҷуди худ муаррифи кардааст.
3 – Танавуи ранги инсонҳо, аз нишонаҳои қудрат ва азамати Худованд аст, на василае барои имтиёзталабӣ ё фахрфурушии инсонҳо бар якдигар.
4 – Илм ва огоҳӣ бар исрори ҳастӣ, бояд заминаи расидани инсон ба мақоми хашияти илоҳиро фароҳам кунад, инҳо василае барои ғурур ва такаббур ва фахрфурушӣ нест.
29
إِنَّ الَّذِینَ یَتْلُونَ کِتَابَ اللَّـهِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَنفَقُوا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرًّا وَعَلَانِیَةً یَرْجُونَ تِجَارَةً لَّن تَبُورَ
Ҳамоно касоне, ки китоби Худоро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз ончӣ рӯзии онҳо кардаем, пинҳони ва ошкоро инфоқ мекунанд, ба тиҷорате умед доранд, ки ҳаргиз зиёне дар он нест.
30
لیُوَفِّیَهُمْ أُجُورَهُمْ وَیَزِیدَهُم مِّن فَضْلِهِ إِنَّهُ غَفُورٌ شَکُور
То Худованд подошашонро ба таври комил ба онҳо бидиҳад ва аз фазли худ бар онон бияфзояд: ҳамоно Ӯ омӯрзанда ва қадршинос "Ва сипосгузор" аст.
Дар оятҳои қабл ба тарс ва хашияти донишмандон аз Худованд ишора шуд, ин оят мефармояд: тарс ва хашият аз Худо, бо умед ба раҳмати Ӯ ҳамроҳ аст, умеде, ки мояи омӯрзиши гуноҳон ва дарёфти подош мешавад, табии аст орзӯи бидуни амал, амри гузофа "Беҳуда" аст ва бо ҳикмати илоҳӣ созгор нест, лизо ин оятҳо мефармояд: касоне метавонанд ба раҳмати илоҳӣ дар дунё ва охират умедвор бошанд, ки аҳлли амал бошанд, ҳам бо Худои худ иртибот дошта ва аҳлли Қуръон ва намоз бошанд, ҳам бо бандагони Худо иртибот дошта бошанд ва аз амволи худ ба ниёзмандони ҷомеа бубахшанд ва дар фикри маҳрумон бошанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Илм ва дониш ба танҳои кофи нест, ибодат ва ниёиш низ лозим аст.
2 - Тиҷорати пурсуд ва мондагор, он аст, ки сармояҳои худро дар роҳи Худо ба кор гирем ва ба мардум кумак кунем, ин сармояҳо метавонад умр, илм, мол ва обрӯ ва соири доштаҳои мо бошад.
3 – Намоз бидуни инфоқ, ё инфоқ бидуни намоз, корсоз нест.
4 – Агар доштаҳои худро аз ҷониби Худо бидонем, дар инфоқи онҳо бухл намеварзем ва инфоқ ва бахшише ба дигаронро зиён намебинем.
5 – Умед ба растагорӣ ва наҷот, бояд бо иқдом ва амали муносиб, ҳамроҳ бошад, вагарна орзӯе беш нест.