Январ 09, 2018 07:31 Asia/Dushanbe

Қисмати 791 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 31-35

31

 

وَالَّذِی أَوْحَیْنَا إِلَیْکَ مِنَ الْکِتَابِ هُوَ الْحَقُّ مُصَدِّقًا لِّمَا بَیْنَ یَدَیْهِ إِنَّ اللَّـهَ بِعِبَادِهِ لَخَبِیرٌ بَصِیرٌ

 

 Ва ончӣ аз китоб ба ту ваҳӣ кардем, ҳақ ва тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, қатъан Худованд нисбат ба бандагонаш огоҳ ва биност.

 

32

 

ثُمَّ أَوْرَثْنَا الْکِتَابَ الَّذِینَ اصْطَفَیْنَا مِنْ عِبَادِنَا  فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِّنَفْسِهِ وَمِنْهُم مُّقْتَصِدٌ وَمِنْهُمْ سَابِقٌ بِالْخَیْرَاتِ بِإِذْنِ اللَّـهِ  ذَلِکَ هُوَ الْفَضْلُ الْکَبِیرُ

 

Сипас ин китобро ба гурӯҳе аз бандагони худ, ки "Ононро" баргузидем, ба мирос додем, баъзе аз эшон ба худ ситамкоранд ва баъзе миёнрав ҳастанд ва баъзе ба иҷозаи Худованд дар некиҳо пештозанд, ин ҳамон фазли бузург аст.

 

Дар ояти қабл сухан аз тиловати китоби осмонӣ ва амал ба дастурҳои он буд, ин оятҳо мефармояд: ончӣ ба унвони Қуръон бар қалби Паёмбари акрам (с) нозил шуда, сухани ҳақ аст, зеро аз сарчашмаи ҳақ, яъне Худованд ваҳӣ шуда ва бо ақл ва фитрати инсон низ созгор аст.

Афзун бар онки бо китобҳои паёмбарони пешин, ҳамоҳанг ва ҳамхон аст, паёмбарони қаблӣ ва китобҳои онҳоро  тасдиқ мекунад ва имон ба онҳоро ҷузъе аз имон ба Худо медонад.

Идомаи оятҳо мефармояд: ҳамаи уммати исломе, ки ба воситаи имон ба Худо ва Паёмбари Ислом (с) аз миёни дигар мардумон баргузида шудаанд, вориси Қуръон ҳастанд ва бояд дар мақоми фаҳм ва амал ва нашри он бароянд, аммо мутаассифона гурӯҳе аз ин уммат, ба худ зулм карда ва аз роҳи Қуръон ҷудо шудаанд, гурӯҳе пайрави он ҳастанд ва гурӯҳе дар амал ва нашри он пешгоми ҷомеа ҳастанд, бар асоси ривоятҳои Исломӣ, аҳлли байти Паёмбар (с), ки ҷонишини он ҳазрат будаанд, ҳамон пешгомон ва пештозони ин арсаанд, ки имон ва пешвои дигар мардумон маҳсуб мешаванд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар Қуръон, сухани ботил, гезофа "Беҳуда"  ё хурофае "Сухани беҳуда" роҳ надорад ва ҳамаи оятҳои он бар асоси ҳақ ва ҳақиқат аст, лизо ҳамвора собит ва пойдор аст.

 

2 – Китобҳои осмонӣ ва паёмбарони илоҳӣ, ҳама як ҳадаф ва ҷиҳатро дунбол мекунанд, ба ҳамин далил тайидкунандаи якдигаранд.

 

3 – Дурӣ аз Қуръон ва маорифи он, зулум ба худ аст, на Худо ва паёмбараш, касоне вориси улуми Қуронанд, ки дар хайрот сабқат бигиранд, ба баёни дигар, шарти дарёфти мероси Қуръон, сабқат дар корҳои нек ва хайррасонӣ аст. 

 

 

33

 

جَنَّاتُ عَدْنٍ یَدْخُلُونَهَا یُحَلَّوْنَ فِیهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٍ وَلُؤْلُؤًا  وَلِبَاسُهُمْ فِیهَا حَرِیرٌ

 

"Подоши онон" биҳиштҳои ҷовидонае аст, ки ба онҳо ворид шаванд, дар онҷо бо дастбандҳое аз тило ва марворид ороста шаванд ва либосашон дар онҷо ҳарир аст.

 

34

 

وَقَالُوا الْحَمْدُ لِلَّـهِ الَّذِی أَذْهَبَ عَنَّا الْحَزَنَ إِنَّ رَبَّنَا لَغَفُورٌ شَکُورٌ

 

Ва гуянд: сипос ва ситоиш барои Худованде аст, ки андуҳро аз мо бартараф сохт, ҳамоно  Парвардигори мо омурзанда ва қадрдон "Ва сипосгузор" аст.

 

 

35

 

الَّذِی أَحَلَّنَا دَارَ الْمُقَامَةِ مِن فَضْلِهِ لَا یَمَسُّنَا فِیهَا نَصَبٌ وَلَا یَمَسُّنَا فِیهَا لُغُوبٌ

 

Худованде, ки моро аз фазли худ дар сарои ҷовидон ҷой дод, "Сарое, ки" дар онҷо ранҷе ба мо намерасад ва дармондагӣ ба суроғи мо намеояд.

 

Дар оятҳои пешин, уммати исломӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд: золимон, пайравон ва имомон, ин оятҳо ба гурӯҳи дуввум  ва сеюм ваъда медиҳад, подоше, ки дар қиёмат бо сукунат дар биҳишт мавъуди илоҳӣ муҳақиқ мешавад, на фақат макони зебо ва дилпазир, балки мусоҳибат бо инсонҳои зебо ва зебопуш, ки монеи вуруди ҳаргуна ғам ва андуҳ ба равони инсон мешавад , табии аст дар чунин муҳите, афсурдагӣ роҳ надорад ва омиле барои ранҷ ва заҳмати инсон нест.

Дар дунё ду чиз омили дилзадагӣ ё афсурдагӣ мешавад, яке такрори будани неъматҳо ва хушиҳо ва дигаре тарси аз даст додани онҳо, аммо дар қиёмат, танавуи неъматҳо ва таадуди онҳо гунае аст, ки муҷиби дилзадагӣ намешавад ва касе бим надорад неъматҳоеро, ки дар ихтиёри ӯст, аз даст бидиҳад.

Биҳиштиён,ки чунин маконе бо чунин ҳамроҳонеро мебинанд, забон ба ситоиши ҳақ таоло кушуда ва биҳиштро фазли илоҳӣ медонанд, ки ба онҳо иноят кардааст, на подоши амали маҳдуди динявии онҳо, зеро Худованд бо омурзиши гуноҳон ва пушиши хатоҳои онон, чунин биҳиштеро ба онҳо бахшидааст ва агар он лутф ва омӯрзиши Ӯ набуд, роҳе барои дарёфти ин бахшиш фароҳам намешуд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Онон, ки дар дунё ба хотири хушнудии Худо, аз бархе комёбиҳои динявӣ маҳрум бимонанд, Худованд он маҳрумияти мувақатиро бо комёбии доими ҷуброн мекунад, назири тило ва абрешим, ки дар дунё барои мардон ҳаром аст, дар биҳишт аз он баҳраманд мешаванд.

 

2 – Дар биҳишт, осоиши ҷисм ҳамроҳ бо ороиши рӯҳ ва равон аст, бар хилофи дунё, ки бисёре аз соҳибони қудрат ва сарват, аз назари ҷисмӣ дар осоиш ҳастанд, аммо аз ороиши рӯҳ ва равон бархурдор нестанд.

 

3 – Худованд нисбат ба хатоҳо, омурзанда ва нисбат ба некиҳо, қадрдон ва сипосгузор аст, мо бандагон низ бояд ин сифоти илоҳиро дар худ зинда кунем.

4 – Биҳиштиён, биҳиштро аз рӯйи фазл ва карами Худо медонанд, на аз амали худ, зеро ҳеч нисбате миёни корҳои маҳдуди дунявӣ бо неъматҳои бешумори ухравӣ нест.