Январ 09, 2018 07:42 Asia/Dushanbe

Қисмати 792 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 36-38

36

 

وَالَّذِینَ کَفَرُوا لَهُمْ نَارُ جَهَنَّمَ لَا یُقْضَى عَلَیْهِمْ فَیَمُوتُوا وَلَا یُخَفَّفُ عَنْهُم مِّنْ عَذَابِهَا  کَذَلِکَ نَجْزِی کُلَّ کَفُورٍ                                                

 

Ва акасоне, ки кофир шуданд, барояшон оташи дузах аст, на фармони маргашон содир мешавад, ки бимиранд ва на азоби он аз онон коста шавад, бадинсон ҳар куфронкунандаеро кайфар медиҳем.

 

37

 

وَهُمْ یَصْطَرِخُونَ فِیهَا رَبَّنَا أَخْرِجْنَا نَعْمَلْ صَالِحًا غَیْرَ الَّذِی کُنَّا نَعْمَلُ  أَوَلَمْ نُعَمِّرْکُم مَّا یَتَذَکَّرُ فِیهِ مَن تَذَکَّرَ وَجَاءَکُمُ النَّذِیرُ  فَذُوقُوا فَمَا لِلظَّالِمِینَ مِن نَّصِیرٍ

 

Ва онон дар онҷо шиван "Фиғон, нола ва зори" ва фарёд мезананд: Парвардигоро! Моро берун биёвар то кори шоиста наҷом диҳем, ғайр аз ончӣ анҷом медодем,"Дар посух ба онон гуфта шавад" оё шуморо чандон умр надодем, ки дар он "Миқдори умр" ҳар кас аҳлли тазаккур аст, мутазаккир шавад? Ва оё бимдиҳандае ба сӯйи шумо наёмад? Пас бичашед, ки барои ситамкорон ҳеч ёваре нест.

 

38

 

إِنَّ اللَّـهَ عَالِمُ غَیْبِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ  إِنَّهُ عَلِیمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

 

Ҳамоно Худованд ба ғайби осмонҳо ва замин огоҳ аст ва бетардид Ӯ ба асрори синаҳо доност.

 

Дар оятҳои қабл сухан аз подоши бузурги илоҳӣ ба муъминон ва некукорон буд, ин оятҳо, муҷозоти сахти мункирон ва кофиронро баён мекунад, дар фарҳанги диннӣ, мурод аз кофир касе аст, ки ҳақро шинохта ва мункир шудааст, ё он,ки имкони шинохти ҳақ барои ӯ фароҳам буда, аммо ба дунболи шинохти ҳақ нарафтааст, ба иборати дигар, мафҳуми куфр, пушондани ҳақ аст, ки ба далили инод ва лаҷоҷат бо ҳақ ё зери по гузоштани ҳақ барои расидан ба модиёт ва таманиёти нафсонӣ ва шаҳавот сурат гирад.

Табии аст касе, ки ба хотири манофеи шахсӣ ё гуруҳӣ, ҳақро инкор мекунад, ба худ ва ҷомеа зулм намуда ва мустаҳақи муҷозот  аз сӯйи Худованд аст, зеро Холиқ  моро наёфарида то ҳаргуна диламон мехоҳад амал кунем, балки офарида то дар масире, ки Ӯ мушахас карда ҳаракат намоем бетардид, адл аз ин масир, муҷиби ҳалокат ва суқути инсон хоҳад шуд.

Барои итмоми ҳуҷҷат бо мункирони ҳақ, ин оятҳо мефармояд: онҳо гумон накунанд дар дунё ҳар коре карданд, кайфаре нахоҳанд дид, зеро Худованд дунёро сарои амал қарор дода ва дар инҷо дасти инсон боз аст, ки аз рӯйи ихтиёр корҳои нек ё бад анҷом диҳад, аммо ҳеч амале бидуни аксуламал нест. Албатта дар дунё бахши андаке аз муҷозоти корҳои бади инсон, гиребонгири ӯ мешавад. Асли муҷозот, дар қиёмат аст, ки маҳдудятҳои замонӣ ва маконӣ дунёро надорад ва ҳар кас ба мизони нек ва бади корҳояш ва осори онҳо, кайфар ва подош дарёфт мекунад.

Чинояткороне чун Чингиз ва Гитлер ва Садом, дар замони худ омили марги ҳазорон, балки милионҳо инсон шудаанд ва агар дар дунё дасгир ва муҳокима шаванд, беш аз якбор неметавон онҳоро эъдом кард,  аммо Худованд мефармояд: дар қиёмат марге даркор нест ва ҳар кас ба мизони чурм ва ҷинояташ кайфар мебинад, агар чӣ ҳазорон сол тул бикашад.

Мелоки кайфари илоҳӣ, илм ва адли Худованд аст, лизо муҷозоти бадкорон, на беш аз андоза хоҳад буд ва на камтар аз он, онҳо ба мизоне, ки ҳақашон бошад ва истиҳқоқ дошта бошанд, кайфар мебинанд, инки як фарди муҷрим чӣ миқдор мустаҳқи кайфар аст, илми илоҳӣ онро таъйин мекунад, зеро Ӯ ба ҳамаи чизи инсон ва ҷаҳон огоҳ аст, ҳам ба зоҳири одамиён, ҳам ба ботини онҳо.

Идомаи оятҳо ба дархости муҷримон ишора дорад, ки мехоҳанд ба дунё бозгарданд, то корҳои бади худро ҷуброн кунанд, чӣ корҳое, ки медонистанд бад аст ва анҷом доданд ва чӣ корҳое, ки гумон мекарданд хуб аст, вале акнун мутаваҷҷеҳ шудаанд, иштибоҳ будааст, аммо посухи Худованд ва маъмурони дузах як чиз аст: оё мудати умри шумо дар дунё, барои шинохти ҳақ ва ботил ва амал бар асоси он, кофӣ набуд? Оё  фариштагон ва авлиёи илоҳӣ дар дунё ба шумо тазаккур ва ҳушдор надоданд, ки роҳе, ки шумо интихоб кардаед, саранҷоми он дузах аст? Пас чӣ тазмине вуҷуд дорад, ки вақте дубора ба дунё боз гардед, корҳои гузаштаро такрор накунед?

 

Аз иноятҳо меомӯзем:

 

1 – Куфр. Навъе куфрон аст, чунон,ки куфрони неъмат низ инсонро ба куфр мекашонад.

2 – Ҳамаи ҷинояткорон ва саркашони олам, рӯзе ба аҷз ва нола меафтанд, аммо дар он ҳангом, изҳори аҷз ва пушаймонӣ суде барои онон надорад.

 

3 -  Пас аз комил шудани ҳуҷҷат бар муҷрим, набояд ба дархостҳои ӯ барои қатъ ё тахфифи муҷозот таваҷҷуҳ кард, балки ӯ бар асоси адолат муҷозот шавад.

 

4 – Умр барои хушгузаронӣ ва ғафлат нест, балки барои таваҷҷуҳ ва тазаккур ва рӯшд аст, вагарна ҳар чӣ тули умр бештар шавад, ғафлат ва муҷозоти ӯ бештар хоҳад шуд.

 

5 – Дуруст баҳра нагирифтан аз умр ва мувоҳиби он, зулм ба хештан аст, чунон, ки бетаваҷҷуҳӣ ба ҳушдорҳои паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ, зулм ба худ ва онон аст.

 

6 – Дар фарҳанги диннӣ, пеш аз он,ки зулм ба дигарон, мусадиқон зулм бошад, зулм ба хеш ва табоҳ  кардани истеъдодҳо ва зарфиятҳои худ зулм аст, зеро доштаҳои мо амонати Худост, на мулки мо, мо молики тани худ нестем то ҳаргуна бихоҳем аз он баҳра бигирем.