Феврал 05, 2018 09:03 Asia/Dushanbe

Қисмати 795 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 45

45

 

وَلَوْ یُؤَاخِذُ اللَّـهُ النَّاسَ بِمَا کَسَبُوا مَا تَرَکَ عَلَى ظَهْرِهَا مِن دَابَّةٍ وَلَـکِن یُؤَخِّرُهُمْ إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ فَإِنَّ اللَّـهَ کَانَ بِعِبَادِهِ بَصِیرًا

 

Ва агар Худованд мардумро ба сазои ончӣ кардаанд, муохаза намояд, ҳеч ҷунбандае рӯйи замин боқӣ намемонд, вале мардумро то мудати муаян муҳлат медиҳад, пас ҳамин, ки мудаташон сар омад, "Ононро муҷозот мекунад" пас ба ростӣ Худованд ба аҳволи бандагони худ биност.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки макр ва ҳилаи мустакбирон ва бадоқибат шудани онон ишора дошт, ин оят мефармояд: албатта Худованд сабраш зиёд аст ва ин гуна нест, ки ҳар кас хилоф кунад ё хатое аз ӯ сар бизанад, билофосила ӯро муҷозот кунад, балки Худованд ба ҳамаи инсонҳо фурсат медиҳад то вақте дар дунё ҳастанд, аз корҳои хилофи худ тавба кунанд ва аз муҷозот раҳои ёбанд, аммо бо фаро расидани марг ва дидани осори он, дигар тавба мавриди пазириш қарор намегирад.

Ин оят, ки охирин ояти сураи фотир аст, баёнгари лутфи илоҳӣ ба инсонҳост, ки бо вуҷуди иртикоби гуноҳ, Худованд билофосила онҳоро кайфар намедиҳад ва барои бозгашт ва ҷуброни хатоҳо, муҳлат қарор додааст. Агар чунин набуд, амалан ихтиёр аз инсон салб мешуд ва аз рӯйи иҷбор гунрҳро тарк мекард, масалан агар медид, ки дуруғгӯ, забонаш лол мешавад, ӯ ҳам ба ночор ва аз рӯйи иҷбор дуруғ намегуфт.

Инки кайфар ва подоши корҳои инсон ба қиёмат вогузор шуда, муҷиб мешавад хубон аз рӯйи ирода ва ихтиёр, кори хуб кунанд ва бадкорон аз рӯйи ихтиёр, ба суроғи бадиҳо бираванд ва ҳеч кадом дар анҷоми корҳои худ, эҳсоси илзоми ва иҷбор накунанд.

 

Аз ин оятмеомӯзем, ки:

 

1 – Яке аз далилҳои таъхири кайфари мардум аз дунё ба қиёмат, тадовуми насли башар аст, агар бино буд мардум дар дунё муохиза ва кайфар шаванд, насли башар дар рӯйи замин мунқариз мешуд.

 

2 – Сабри Худо бисёр аст, Ӯ аҳлли бахшиш ва муҳлат додан аст, лизо фаври инсонро ба ҷурми аъмоли бадаш муҷозот намекунад, балки то поёни умр ба инсон муҳлат медиҳад то худро ислоҳ кунад ва аз роҳи хато боз гардад

 

3 – Набояд муҳлат додани Худоро ба ҳисоби беиттилоии Ӯ аз корҳоямон бигзорем, чаро, ки Ӯ бар ҳамаи корҳои мо нозир ва огоҳ аст.