Феврал 05, 2018 09:10 Asia/Dushanbe

Қисмати 796 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 1-4

بسم الله الرحمن الرحیم

 

Бо поён ёфтани сураи Фотир сураи Ёсинро оғоз мекунем, инсура, ки дар Макка нозил шуда, ба аввалин ояташ, ки аз ҳарфҳои муқаттаа аст, номгузори шудааст, сураи Ёсин дорои ҳаштод ва се оят аст.

Ин сура ба масоили эътиқодӣ мепардозад, дар ояте аз ин сура ба оятҳои азамати Парвардигор дар ҷаҳони ҳастӣ ишора шудааст, дар бахши дигар аз оятҳои ин сура, масоили марбут ба маод, савол ва ҷавоб дар додгоҳи қиёмат ва вижагиҳои биҳишт ва дузах матраҳ шудааст.

Дар ривоёт, аз сураи Ёсин ба унвони "Қалби Қуръон" ёд шудааст.

 

 

1

                                         یس

 

 Ёсин

 

 

2

وَالْقُرْآنِ الْحَکِیمِ

 

Савганд ба Қуръони Ҳакимомӯз.

 

 

3

إِنَّکَ لَمِنَ الْمُرْسَلِینَ

Ки ҳамоно ту аз паёмбарони.

 

4

 

عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِیمٍ

 

"Ва" бар роҳи рости ҳастӣ.

 

Дар бораи ҳарфҳои муқттаа пеш аз ин дар сураҳои монанди сураи Бақара ва сураи Оли Умрон сухан гуфтаем. Сураҳои Бақара ва Оли Умрон ва бархе дигар аз сураҳои Қуръон бо ин ҳарфҳо шуруъ мешаванд, ин ҳарфҳо, калимаҳои мустақиле нестанд, ҳамоно исмҳои мухтасар созмонҳо ва ниҳодҳо, ки аз ҳарфҳои аввали номи онҳо, аломати ихтисории онҳо таҳия мешавад, ин ҳарфҳо низ аломатҳо ва нишонаҳое аз калимоте ҳастанд, ки барои мо равшан нест, ин ҳарфҳо аз рамзҳои Қуръон ҳастанд, ки танҳо Паёмбари Ислом (с) ва имомони маъсум (а)  аз онҳо огоҳи доранд ва дар замони зуҳури имоми замон (а) ҳақиқати онҳо барои мо равшан хоҳад шуд.

Бархе ривоёт, ҳарфҳои муқаттааи "Ёсин"-ро яке аз номҳои Паёмбари Ислом донистаанд ва далили онро оятҳо пас аз он шумурдаанд, ки хитоб ба расули Худост.

Чунон, ки пеш аз ин низ гуфтем, пас аз ҳарфҳои муқаттаа, маъмулан номи Қуръон ва вижагиҳои он меояд. Ин сура низ ба вижагии ҳикматомӯз будани Қуръон таъкид карда ва онро мавриди савганд қарор додааст. Китобе, ки дарҳои ҳикматро ба рӯйи инсон мекушояд ва ӯро ба роҳи рост ва мустақим раҳнамуд месозад.

Табии аст, ки савгандҳои Қуръон, барои баёни азамат чизе аст, ки ба он савганд хурда мешавад, на он,ки Худованд барои исботи матлаби худ, ниёзе ба савганд хурдан дошта бошад.

Ин оятҳо иртибот миёни рисолати Паёмбар (с) ва нузули Қуръонро ба хуби баён карда ва хитоб ба он ҳазрат мефармояд: Қуръон беҳтарин далил бар рисолати туст, зеро муъҷизаи илоҳӣ аст ва касе наметавонад ҳамонанд ва ҳамсанги онро биёварад ва ту ҳамонанди паёмбарони пешин вазифаи ҳидояти мардумро бар уҳда дори. Худованд гувоҳи медиҳад, ки ту бар сироти мустақим "Роҳи мустақим" ашроф ва иҳота дори, онро ба дурустӣ мешиноси ва авомили инҳироф аз онро медони.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин оят, Паёмбари Ислом (с) на фақат дар роҳи мустақим аст, балки бар он иҳотаи комил дорад, равшан аст касе, ки мехоҳад мардумро ба ин роҳ даъват кунад, бояд ҳам худаш улгӯйи амали роҳи мустақим бошад ва ҳам битавонад мардумро ба шакли саҳиҳ ба ин роҳ ҳидоят карда ва онҳоро дар ин роҳ собитқадам нигаҳ дорад.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки мустақим будани роҳи илоҳӣ, ҳечгоҳ ба маънои роҳатӣ ва осонии он нест, набояд тасаввур кунем, ки ин роҳ ҳеч фарод ва фуруд ва гарданае надорад, манзур аз роҳи мустақим, роҳи дуруст барои расидан ба мақсад аст, дар баробари роҳҳои инҳирофӣ ва нодуруст ин роҳҳо ҳатто агар ба зоҳир, ҳамвор ва бидуни печ ва хам ҳам бошанд, ҳаргиз инсонро ба мақсад намерасонанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Қуръон, китобе аст маҳкам ва устувор, ҳикматомез ва ҳикматомӯз, яке аз ҷанбаҳои эъҷози Қуръон ҳамин ҳикматомӯз будани он дар ҳамаи арсаҳои фардӣ, хонаводигӣ ва иҷтимоӣ аст.

 

2 – Омузаҳои созанда ва ҳидоятгари Қуръон, ба муалиме чун паёмбар (с) ниёз дорад, ки ҳам онро таълим диҳад ва ҳам худ улгӯйи амалии он бошад.

 

3 – Дар ҳар намоз аз Худо мехоҳем, ки моро ба роҳи мустақим ҳидоят кунад. Худованд, Паёмбарашро улгӯйи роҳи мустақим муаррифӣ кардааст, пас бояд сира ва равиши он ҳазратро ба дурустӣ бишносем ва барасоси он амал кунем.